Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
нимзамонавию ниманъанавӣ буда, барои дигарон ягон навӣ надошт. Аҷаб не, баъзеҳо гўянд, ки ин қиссаи муҳаббат ҳам нав не, борҳо адибони заковатманд дар ин мавзўъ навиштаанд ва боз навиштани он ҳоҷат набуд. Дуруст, лекин як ҷиҳат дорад, ки аз он сарфи назар кардан мушкил: дар зиндагӣ ин ҳақиқати оддиро ҳар кас бояд ба тарзи худ кашф кунад.
1974 – 1975.
СИТОРАИ ДУМДОР
Дар рӯзгори ҳар як фард фосилаи барору нобарориҳо ҳастанд.
Одамон аз айёми барори кори худ ҳамеша қаноатманду мамнунанд, вале фасли пурташвиши нобарории худро ҳаргиз ба ёд овардан намехоҳанд.
Мегӯянд, ки зиндагӣ аслан талош аст. Агар одамон ба бурду бохти рӯзгори худ амиқтар, бо назари холис менигаристанд, он гоҳ нек медиданд, ки фасли барорҳо ба онон чандон подоши зиёде надода, вале аз аҳди нобарорӣ натиҷае даркорӣ ва сабақе фаромӯш ногаштанӣ ёдгор мондаст. Мардум кулли майда-чуйдаи зиндагиро андоза мегиранд, бармекашанд, натиҷа мешиносанд, аммо аз оқибати оқибатҳо камтар касон пай мебаранд. Ҳар он чӣ барораш мехонему ба мо хуш меояд, дарвоқеъ, натиҷаи пурарзише овардаст? Ё худ он чӣ нобарориаш меномем, дар ҳақиқат нокомӣ ва умрфарсоии беҳуда буд? Аз ин хусус гоҳе андешидан ҷоиз аст. Ин қисса аслан аз ин бобат ҳикоя мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор