Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Не, вай моҷарои баҳомонии Солеҳов аз кафедра, аз худи муаллимон сар задагӣ, — эътироз баён кард Ҳусейн, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар фикру ақида мухторияташро аз даст намедод. — Аз хусуси Орифӣ хабари беимзо будаст...
— Ба мудири кафедра Наимӣ ин пес хабар додагӣ, — тавзеҳ кард Ҳайдар. — Меҳри боимҷон ба каду тофтагӣ барин, ба Наимӣ ин гоҷ маъқул.
Доим Ғаюрҷон-Ғаюрҷон... Агар дар байнамон ҳамин иғвогар набошад, аз бисьёр муаллимон ман ба шумо муфтакак баҳо гирифта медодам. Порсол Алӣ дар курсаш намемонд. Рашид аз донишгоҳ намерафт... Хайр, агар баъзе фанҳои нолозимро нахонда, вақтро барои фанҳои зарурӣ сарф кунем, хуб намешавад?
— Наход ягон илоҷи дафъ кардани ҳамин пес набошад-а? — Ғиёс маслиҳатомез ба чашми ҳозирон нигарист. — А, Ҳайдарҷон, чӣ мегӯед?
— Ин гапро нагӯй, аз ту дилам мемонад, ҷӯра,
— гуфт Мирзо, ки барои бетарафиаш дар ин хел кашокашҳо ба Ҳайдар чандон хуш намеомад.
— Халал нарасонед, дипломашро гирад. — Баъд аз лаҳзае хомӯшӣ, гӯё дар омади гап қайд кард:
—Аслан, ба ҳеҷ кас зарараш нарасидаст-ку, ин қадар ба вай тез мешавед? Ана, ҳозир ҳам — мо хуб накардем, вай баракс баланд омад. Қариб панҷ сол ҳамроҳу ҳамнишин будем, айб аст, ки дар охир...
— Ана, ҳамин хел-дия! — дилтангона сухани Мирзоро буриду даст афшонд Ҳайдар. — Яктаамон агар тут гӯем, дигарамон бед мегӯем. Масалан, гирифтем, ки Ғаюр донишгоҳро тамом карду диплом гирифт ва ба кор сар кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор