Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

намепарваранд? Харгӯш-ку қариб нест гаштаст.
Барои сабзавоту боғдорӣ ҳам замин нест. Дар як порча замини рӯидаричааш деҳқон иморат карда барои ду-се писараш хона месозад... Махсусан, суханони Лола доири дастьёрони шаҳрӣ ақидаи Ғаюрро дар ин бобат батамом дигар кард. Лола ҳамон шаби охирини мулоқоташ аз ӯ пурсид:
— Чаро пахтаро мекоред, мерасонеду чида гирифтан наметавонед?
— Мошин тоза намечинад... Сонӣ, одам кам...
— гуфт Ғаюр чунон ки раҳбарони колхозу район аз минбар мегуфтанд.
— Агар барои ҳар килои пахтаи чидагиатон колхоз ба шумоён даҳтинӣ диҳад, бо дасти худ чида супорида метавонед? — савол аз паи савол медод Лола.
— Не, намешавад, — гуфт Ғаюр бори аввал дар ин бора ба ин тарз андешида.
— Агар ба ҳар килояш бисту панҷтинӣ диҳад-чӣ?
— Ба ҳар килояш бисту панҷ тин кӣ медиҳад?
—ҳайрон шуд Ғаюр.
— Колхоз намедиҳад.
— Ҳар як кило пахтаӣ чидаи мо — донишҷӯён ба колхоз бисту панҷ тинӣ меафтодаст! Инро иқтисодчиёни мо аллакай ҳисоб карданд... Яъне, тахмин не, аниқ аст.
— Агар ба колхозчӣ бисту панҷтинӣ диҳанд, зану бача ба саҳро мебароянду кӯрак шукуфта — нашукуфта мегиранд-дия. Ба мо сетинӣ, сонитар панҷтинӣ, дар охир даҳтинӣ ҳақ медиҳанд.

пешина
аз 538
навбатӣ