Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Ҳой, гаранги қишлоқӣ, ҳамон Муроди мантурат чи хел одам аст, медонӣ охир? — боз пурсид Қонунӣ рӯзи дигар дар омади сухан.
— Э, як нокас... Шабҳо мотори электрро мегардонад. Як касро корд зада ҳабс шуда буд, шӯрапушт... Ғаюра боб кардам гӯён, хандида гаштагист.
— Ҳа, кордида будаст, — гуфт он мард андешаманд. — Муфаттишатро боб кардаст. Боз чунон осон гӯл додаст... Муфаттиши навкори бетаҷриба ҳам ӯро зуд меёфт. Ҳамааш — аз коҳилӣ.
— Акнун чӣ мешавад?
— Ҳеҷ гап не, ба тақдир тан медиҳӣ, гӯсола. Боз якуним солат монд. Мегузарад. Минбаъд чашмат кушода мешавад... Хайр, агар одами медавидагиат мебуд, сари вақт давуғеҷ мекарду судро вайрон карда, озодат менамуд. Ҳақиқат ҳаст, лекин... аз паяш давидан ловим. Суди Олӣ кайҳо тасдиқ кард, дигар ҳоҷати гап не.
— Гап дар ин не...
— Ҳа, боз чӣ мехоҳӣ? Вай монтёрро ҳабс кунонданӣ ҳастӣ? Ба ин кор зӯри ту намерасад, додар. Ҳақиқат ҳаст, аммо барои ба он расидан дасти ту кӯтоҳ аст.
— Гап дар ин не, охир... Ман намехоҳам, ки ноҳақ ҳамин доғ ба номам монад. Бо кадом рӯй ба деҳа меравам?.. Э, шумо одамони моро намедонед...
Сад сол гузарад ҳам, фалонӣ ҳамин хел кор карда буд, гӯён таъна мекунанд. Як умр дар назди халқ забонкӯтоҳам! Ҳатто фарзандони маро таъна

пешина
аз 538
навбатӣ