Ганҷ аз вайрона

Повест ва ҳикояҳое, ки дар ин китоб ба шумо пешкаш мешавад, саёҳатест ба ҷаҳони бачагӣ ва наврасӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 192 саҳифа
боз таъкид карда.
– Раҳи ағба наздик, – гуфт Ҳусейн, вале хавотириашро
изҳор накард.
Дар ин раҳ калларо нағз кор мефармоӣ, ҷӯра! Парерсол
Ҳоҷию Қубод ҳӯ-ӯ, ана, дар таҳи ҳамун санги сиёҳ ба таги
барф рафтанд. Дар ин ҷоҳо аз раҳ чор қадам бароӣ, тамом!
Рӯи барф ях кардагӣ, лекин тагаш орди нав аз осиё бардоштагӣ барин.
– Баъди барф об шудан мурдаҳошона ёфта оварданд,
ман ҳозир будам, – гуфт Ҳусейн бо андӯҳи гарон.
– Барфи ин ҷоҳо чуқур не... – ба гап ҳамроҳ шуд Рашид.
Аммо Самеъ сухани ӯро то охир нашунида, ба вай
дарафтод:
– Чуқур не?! – тамасхур кард вай. – Чор қадам рав, очата
мебинӣ!
– Чуқур не, лекин таҳи пой нишебу лағҷонак. Ҳамин ки
поят ғӯтид, шуввас карда аз таги барф поён меравӣ, дигар
рост шуда наметавонӣ. Албатта, ҳӯ, ана он пастиҳое, ки ҳозир
ҳамвор метобанд, барфашон чуқур аст...
– Пастию баландӣ як хел, барфаш аз як қади бом кам не!
– дар сухани худ истодагарӣ кард Самеъ.
– Шамоли ин ҷойҳо сахт, барфа дар чуқуриҳо ғун мекунад. Агар шамоли боло хезад, ана, ҳамин таги поямона таптақир мекунад. Шамол барфа рӯфта ба пастӣ мебарад. Пор
зимистон додом катӣ меомадем, ана, ҳамин ҷойҳо ҷорӯб зада
рӯфтагӣ барин буд, – гуфт Рашид.
– Набошад, имсол шамол ҷорӯб назада гузаштаст-дия! –
писханд кард Самеъ. – Аҷаб не, порсол чашми тую додота
аҷинаҳои Ғори Саркашон бастагӣ... Ҳой-ноҳой, дойраю
думбакаш набуд охир?! Нашунидӣ? – ба мазоҳкунӣ сар кард

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё