Зеҳн
Эрачи девафкан

Ин китоб як афсонаи халқии тоҷикӣ буда, сагу паҳлавонон ва муборизаи қаҳрамонро бо девҳо ба риштаи тасвир мекашад. Асар барои хонандагони хурдсол пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 44 саҳифа

АфсонаАдабиёт

ЭРАҶИ ДЕВАФКАН

Буд, набуд, дар як замоне, дар як маконе Сафар ном марди ҳунарманде буд. Вай барои осиёбҳои мамлакат, барои сутуну деворҳои қасру қалъаҳо санг метарошид.

Як вақте ба мамлакати ӯ лашкари хунрезу бераҳми девҳо ҳуҷум овард. Сангтарош ҳамроҳи ҳамватанонаш ба ҷанги зидди девҳо рафта, чанд вақт дар майдонҳои ҳарбу зарб корнамоӣ карда, билохир ба дасти девҳо асир афтод.

Солҳо мегузаштанд, вале аз ӯ дараке набуд.

Писари сангтарош - Эраҷ, ки он вақт яксола буд, бе падар калон шуд.

Эраҷ аз хурдӣ осори шуҷоат ва боақлӣ зоҳир мекард, ба чолокӣ ва хушодобии худ мардуми деҳаашро дар ҳайрат мемонд.

Модараш ӯро ба мактаб монд. Эраҷ дар мактаб ҳам пешқадам гардид. Ҳаммактабонаш ӯро дӯст медоштанд. Ҳангоми дамгирӣ ва танаффусҳо дар гирди ӯ ғун шуда, дар ҳар коре аз ӯ ёрӣ ва мадад мегирифтанд.

Эраҷ калон шуд. Акнун ӯ як ҷавони тануманди чорпаҳлу шуда буд, ки қади баланд ва бозувони қавӣ дошт.

Аввали баҳор шуд. Иди Наврӯз омад. Мардуми деҳа либосҳои идона пӯшида, дар идгоҳ - майдоне, ки дар канори деҳа воқеъ шуда буд, ҷамъ шуданд. Бузкашӣ, ҷавгонбозӣ, гӯштингирӣ сар шуд. Навозандагон, ҳофизон, ширинкорон ҳунарҳои наҷиби худро намоиш медоданд.

аз 44
навбатӣ