Зеҳн
Духтари афсонаҳо

Китоби мазкур маҷмӯаи асарҳои насрии нависанда буда, олами афсонавӣ ва ҳикояҳои шавқоварро дар бар мегирад. Он хонандаро бо сюжетҳои ҷолиб ва образҳои рангоранг шинос мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 210 саҳифа

ҚиссаАфсонаАдабиёт
Аз аввал хондан

Агар фурӯғи туро набинем, қафи хокеро ба раҳгузори бод мерезем ва аз ту ҳазорон фарсах мегурезем.

Дил ҳамегӯяд, ки фарёд кун: «Ошиқам!» Аммо Ишқ амрам мекунад: «Хамӯш бош!»
Фарёд дар ин ҳол хомӯш мешавад ва хомӯшӣ фарёд. Куҷо кӯре онро мебинад, куҷо коре инро мешунавад?!

Дигар ҳама олам, мебинам, ки ба ман рашк мебарад. Ошиқам, ошиқ, охир!

Ба сарват пеши ошиқ манозед. Ӯ ба Ишқ ду ҷаҳон дорад ва оне, ки сарватро пешаш арзише нагузоштааст.

Гуноҳи ман Ишқ аст. Савобам ҳам Ишқ аст. Гуноҳ пеши шумо, савоб назди Ёр.

Ман дар ин хилват бо Ӯям. Агар маро танҳо мебинед, ба Худо, ки кӯред ва давои он танҳо Ишқ аст.

Ба бадбахтӣ мемурдам, ба бадномӣ мемурдам, агар ошиқ намешудам. Агарчи ошиқро шумо бадбахт ва ҳам бадном мешуморед.

Ба ин шаҳр, шаҳри ғарибон ба суроғи Ёр омадам, Ёри дурафтода. Ӯро наёфтам. Гуфтам: «Ин аз сарнавишти бади ман аст». Ва Ӯ ба навиштаи худ дар ин ҳол хандид?

Замоне ошиқе таронаҳои маро хонд, гирист. Дар ҳоле интизор доштам, бо ифтихор аз он сухан мегӯяд.
Ва ман пас аз ҳазор сол он ҳамаро хондаму гиристам.

пешина
аз 210
навбатӣ