АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа
ГАНҶИ КӢ БЕҲТАР АСТ?
Буд-набуд подшоҳе буд, ки ганҷҳои ғайриодӣ дошт. Вай тамоми чиз дошт: ҳам шохи шери ришдор, ҳам нофи моҳӣ, ҳам бодбезаки Тэнгу ва ҳатто миёнбанди илоҳаи раъд Каминарисама!
Подшоҳ аз ганҷинаи худ хеле ифтихор мекард. Аз ҳама бештар ӯ бо хурӯси тилояш фахр мекард. Хурӯс аз тило сохта шуда бошад ҳам айнан мисли хурӯси ҳақиқӣ буд. Ҳар бомдод, баробари кафидани чашми рӯз се бор: «Қу-Қу-Қу» мегуфт.
Аз ҳама кори кайфиятбахш барои подшоҳ берун бароварда, тамошо кардани ганҷҳояш буд. Вай чизҳои қиматбаҳоро дар ҳақиқат дӯст медошт ва аз тамошои онҳо сер намешуд.
Подшоҳ ҳашт хизматгор дошт, ки ҳар кадоми онҳо низ ганҷинаҳои худро доштанд ва бо онҳо фахр мекарданд.
Боре подшоҳ хизматгоронашро даъват карда, гуфт:
– Медонед чӣ, бегоҳии рӯзи дигар ман намоиши ашёи қиматбаҳоро ташкил мекунам. Ганҷинаҳоятонро гирифта биёед. Ганҷинаи касе беҳтар бошад мукофоти хубе мегирад.
Хизматгорон хурсанд шуданд:
– «Намоиши ганҷинаҳо»! Чӣ хел аҷиб!
– Мукофотро ман мегирам!
– Не, ман бояд бигирам!
Чунин баҳсу мунозиракунон ҳама ба хонаҳояшон рафтанд.
Бегоҳии рӯзи дигар фаро расид. Подшоҳ хурӯси тилоияшро ба намоиш гузошта, омадани хизматгоронашро интизор шуд.
Хизматгори аввалин ҳам омад. Вай ганҷинаи худ – «чашми аждаҳо»-ро овард.
Хизматгори дуюм косахонаи сари хурдакакеро овард.
Тенгу – ҷинни ҷодугар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё