ПАНДИ ЗИНДАГӢ

«Панди зиндагӣ» дуюмин дафтари эҷоди Сайидалӣ Барот аст. Дар маҷмӯа шеъру андарз, қиссаву афсона ва рубоиву дубайтиҳое гирд омадаанд, ки самараи дидаву шунидаҳояш мебошанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 36 саҳифа
ҲУСНИ ВАТАН
Зебо Ватан дорем мо,
Кӯҳу даман дорем мо.
Соҳибқирони шоирон,
Ҳоҷӣ Ҳусайн дорем мо.
Омад баҳори нозанин,
Борону селобаш бубин.
Сарсабз кӯҳу пушта шуд,
Гулҳои садрангаш бичин.
Имрӯз дар фасли баҳор,
Бо ҳарду чашми интизор.
Сайри гулистон меравем,
Зебо бигашта ин диёр.
Лабханду сайри лола хуш,
Чун духтари қинғола хуш.
Гулбазму гулханди баҳор,
Дар пуштаю дар ёла хуш.
Бин ошиқу дилдодаро
Дар роҳи ишқ афтодаро.
Сармасти ҳусни ин чаман,
Зебоҷавони содаро.
Лабхандаи ҷонона бин,
Ҳам ишваи мастона бин.
Моил ба сӯи ман шуда,
Монандаи парвона бин.
Ҳастам сухангӯ аз азал,
Шаҳбайту панду ҳам ғазал.
Бо шеър монам ҷовидон,
Бандам сари роҳи аҷал.
НАВРӮЗӢ
Наврӯзи нав омад кунун
Олам гулистон мешавад.
Ҳар лола бо лабхандааш
Мисли чароғон мешавад.
Бархезу бар саҳро бирав,
Гулҳои Наврӯзӣ биёр.
Пайки баҳори тозарӯ,
Лабхандаи фасли баҳор.
Наврӯзи нав омад кунун,
Рӯзу шабон ҳамранг шуд.
Дар дил намеғунҷад фараҳ,
Бингар ҷаҳон садранг шуд.
Наврӯзи нав омад кунун
Олам гулистон гаштааст.
Пурноз хони мардумон
Аз файзи деҳқон гаштааст.
БАХТОВАР
Ба Эмомалӣ Раҳмон
Сулҳовариву хайрхоҳ,
Шоҳаншаҳи давру замон
Бодо дароз умри Шумо,
Машҳур гаштӣ дар ҷаҳон.
Кардӣ аҷаб кори накӯ,
Сарҷамъ кардӣ мардумон.
Бо сулҳу ваҳдатпарварӣ
Номи ту монад ҷовидон.
Бас роҳҳо бикшодаӣ,
Бар мулку кишварҳои дур.
Гардид зебо зиндагӣ,
Дилҳо шуда пур аз сурур.
Шуд сохтмонҳои зиёд,
Обод кишвар гаштааст.
Аз нури нерӯгоҳҳо
Ҳар ҷо мунаввар гаштааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё