Зеҳн
БОЗИҲОИ БАЧАГОНА

Дар ин китоби омӯзишӣ бисёр бозиҳои шавқовари бачагонаи халқи тоҷик, ки аҳамияти таълимӣ ва тарбиявӣ доранд, ба таври сода ва оммафаҳм ба қалам дода шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 108 саҳифа

Наврасон

САРСУХАН

Халқи тоҷик ҳанӯз аз давраҳои қадим дар тарбияи фарзандони худ эҷодиёти бадеиро васеъ истифода карда омадааст ва мавриди истифода қарор дода меояд, то дар дили бачагон ба воситаи каломи бадеъ ба зебоиҳои ҳаёт шавқу рағбат парварад. То ба ин васила ҷиҳатҳои гуногуни моҳияти зиндагӣ ба идроки онҳо расонида шавад, ҳиссу фикр, ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмии онҳо вусъат ёбад, диққати бачаҳо ба самтҳои муҳим ва самарабахши муносибатҳои иҷтимоӣ ҷалб карда шавад.
Ҳар як шахс орзуманди он аст, ки фарзандаш дар оянда чун инсони боирода ва боэътиқод тарбия ёфта ба камол расад. Хуб аст, ки рӯз ба рӯз бачагони хушбахти мо бо табассуми ширини модар, бо олами шодибахши бозичаҳо, китобҳо, яслию боғчаҳо кушода мешаванд. Дар мамлакати мо ҳамаи чизҳои беҳтарин барои бачагон аст:
ҳам биноҳои хубтарин, ҳам яслию боғчаҳои зеботарин, ҳам мактабҳо, ҳам сару либоси аълосифат, ҳам хӯрокҳои лазизу серғизо ва монанди инҳо. Аммо барои он ки фарзандон дар оянда дар ҳақиқат ба унвони инсонҳои сазовори даврон ба камол бирасанд, онҳоро аз рӯзҳои аввали ба дунё омаданашон бояд дуруст тарбият кард, дуруст хононд.
Тарбият маҷмӯаи равандҳоест, ки барои ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам аз ҷиҳати фикрӣ мӯътадил тараққӣ кардани организми бачагон ба кор бурда мешавад.
Давраи аз ҳама муҳимми ҳаёти инсон ин солҳои мактабӣ аст. Дар ин вақт хотираи инсон бисёр инкишоф ёфта, барои илмомӯзи бақувват мешавад.
Ҷаҳонбинии инсон дар ин давр асос меёбад. Барои таълиму тарбияи бача албатта муаллим лозим аст. Барои ҳамин муаллим бояд босавод, психологияи бачаро медонистагҷ шуданаш лозим. Агар баръаксаш бошад, бача ба таълиму тарбия ҳавас намекунад.

аз 108
навбатӣ