Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ГИРЯ КУНАМ, Ё КИ НЕ?

Пешипо хӯрда ба санг
Ногоҳ афтидам.
Нигоҳ карда ба атроф,
Касе надидам.

Э, куҷо рафта бошад
Модарҷони ман?
Кай аз кораш меояд
Падарҷони ман?

Ҳатто, наменамояд
Хоҳарам Тобон!
Гиря кунам, ё ки не,
Мондаам ҳайрон.

пешина
аз 80
навбатӣ