Зеҳн

Саломатӣ

Саломатӣ яке аз арзишҳои муҳимтарини ҳаёти инсон ба шумор меравад. Он ҳолати некӯаҳволии ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии шахсро дар бар мегирад. Шахси солим метавонад фаъолона таҳсил кунад, кор намояд ва дар ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузорад.

2 аъзоаз 16 сентябри 2026
Саломатӣ·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Ларингит чӣ хел беморӣ аст?

Ларингит як раванди илтиҳобист, ки тамоми минтақаи гулӯро фаро мегирад. Бактерияҳо ва вирусҳои гуногун метавонанд ангезандаҳои ин беморӣ бошанд. Сабабҳои рушди он инҳоянд: Сармозании бадан. Дар ҳавои хунук ё сӯзон нафас гирифтан. Ҷароҳатёбӣ. Дахолати ҷарроҳӣ. Таъсири кимиёвӣ ба гулӯ (буғҳои кимиёвӣ). Танишҳои шадид дар сими овоз. Сироятҳои даҳон ва синус. Аломатҳои зерин аз фарорасии равандҳои илтиҳобӣ бо ларингит шаҳодат медиҳанд: Дард ҳангоми фурӯ бурдан ва суханронӣ, эҳсоси карахтшавӣ дар гулӯ, пастшавии тембри овоз, каме баланд шудани ҳарорат, варам кардани гиреҳҳои лимфа.

0
Саломатӣ·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Анҷир — ширинии табиӣ, ки метавонад ба саломатӣ фоида расонад

Анҷири хушк танҳо як ширинии болаззат нест. Ин меваи серғизо дорои нах, минералҳо ва дигар моддаҳои барои организм зарурӣ буда, метавонад як ҷузъи муфиди ғизои солим бошад. Барои саломатии дилу рагҳо Анҷир дорои моддаҳои ғизоиест, ки ба фаъолияти муътадили организм ва саломатии системаи дилу рагҳо мусоидат мекунанд. Аммо онро набояд ҳамчун «аспирини табиӣ» ё ҷойгузини доруҳои тунуккунандаи хун истифода бурд. Барои фаъолияти мағзи сар Ғизои мутавозин, ки дар таркибаш меваҳои хушк, аз ҷумла анҷир, мавҷуданд, метавонад организмро бо маводи ғизоии зарурӣ таъмин кунад ва ба нигоҳ доштани фаъолияти муътадили мағзи сар мусоидат намояд. Чӣ қадар истеъмол кардан мумкин аст? Анҷири хушк ширинии табиӣ ва серғизост, аз ин рӯ онро ба меъёр истеъмол кардан беҳтар аст. Масалан, 1–2 дона анҷирро метавон ба ғизои ҳаррӯза илова кард.

0
Саломатӣ·Зеҳн·4 рӯз пешНашрия

Моҳӣ — ғизои дӯстдори дил

Моҳӣ— яке аз ғизоҳои муфид барои саломатии дил аст. Махсусан, навъҳои равғанини он аз кислотаҳои равғании Омега-3 бой буда, барои фаъолияти дурусти дилу рагҳо мусоидат мекунанд. Омега-3 метавонад ба танзими кори дил, коҳиши илтиҳоб ва нигоҳ доштани саломатии рагҳои хун кумак кунад. Барои ғизои солим тавсия мешавад, ки ҳафтае 2 маротиба моҳӣ истеъмол кунед. Моҳиро беҳтар аст ба ҷойи гӯшти серравған интихоб намуда, бо усулҳои солим — ҷӯшонидан, буғпазӣ ё дар танӯр пухтан — омода намоед. Саломатии дил аз интихоби дурусти ғизо оғоз меёбад!

0
Саломатӣ·Зеҳн·12 рӯз пешНашрия

Чаро модарон зуд асабонӣ мешаванд?

Тибқи таҳқиқот, модарон ба фарзандонашон нигоҳ карда, дар ҳар 3 дақиқа аз кори худ парешон мешаванд. Ин боиси афзоиши музмини гормони стресси кортизол мегардад, ки боиси ҳолати хастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ мегардад. Дар натиҷа: * Хастагии доимӣ ва бехобӣ * Хашмгинии зуд ва изтироб * Афзоиши вазн, ҳатто ҳангоми машқ. Ба модарон дар як рӯз 1 соат вақти оромӣ лозим аст. Модар ором бошад, оила низ осоишта мешавад!

0
Саломатӣ·Зеҳн·12 рӯз пешНашрия

Гӯшти харгӯш зебоӣ ва дарозумрӣ аст!

Гӯшти харгӯш на танҳо маҳсулоти парҳезӣ, балки маҳсулоти шифобахш аст. Коллагени табиӣ бар зидди узвҳо: Сафедаҳои беназири таркиби он пӯстро аз дарун нав мекунад, чандириро зиёд ва пиршавиро суст мекунад. Сафедаи "интеллектуалӣ", ки хастагиро бартараф мекунад: Фаъолияти мағзи сарро беҳтар мекунад, стрессро кам ва барои зуд бартараф кардани хастагии музмин кӯмак мекунад. Ҳимоя аз радиатсия ва токсинҳо: организми харгӯш умуман металлҳои вазнин ва токсинҳоро аз муҳити зист ҷаббида намекунад. Ин тозатарин ва безарартарин гӯшт дар рӯи замин аст!

0
Саломатӣ·Зеҳн·12 рӯз пешНашрия

Кӯдакро ба ҳаво напартоед!

Баъзан волидон ҳангоми эрка кардани кӯдак ӯро ба боло мепартоянд ва боз медоранд. Гарчанде ин бозӣ барои кӯдак шавқовар менамояд, барои кӯдакони хурдсол метавонад хатарнок бошад. Махсусан дар синни то 2-солагӣ мушакҳои гардан ҳанӯз заиф буда, сар ва мағзи кӯдак осебпазиртаранд. Ҷунбиши шадид метавонад боиси осеби мағзи сар, хунравии дохили мағзи сар ва дар ҳолатҳои вазнин ҳатто беҳушӣ ё марг гардад. Муҳаббатро ба кӯдак бо оғӯш, меҳрубонӣ ва бозиҳои бехатар нишон диҳед — на бо партофтан ба ҳаво.

0
Саломатӣ·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

Чаро дар дандонҳо санг пайдо мешавад?

Санги дандон як қабатест, ки дар болои дандон ҷамъ мешавад ва дар натиҷаи ҷамъшавии бактерияҳо ба вуҷуд меояд. Таваҷҷӯҳи нокифоя ба гигиенаи даҳон метавонад, боиси шустани нодурусти дандонҳо гардад, ки боиси партовҳои ғизо ва пайдоиши сангҳо дар дандон мегардад.  Сангҳо метавонанд ба дандон зарар расонанд ва боиси шикастани эмали дандон шаванд. Санги дандон боиси бӯи нохуш дар даҳон, сурхӣ ва хунравии милки дандон, дард ҳангоми хӯрдан, зиёд шудани ҳассосияти дандонҳо, намуди нохуши бинобар рангоранг шудани дандонҳо мегардад. Сангҳои дандонро бо даст ё бо дигар роҳҳо тоза кардан мумкин нест.  Барои ин ёрии духтури дандон лозим аст.  Барои пешгирӣ тавсия дода мешавад, ки гигиенаи даҳон риоя карда шавад ва дандонҳо мунтазам тоза карда шаванд.

0
Саломатӣ·Зеҳн·1 моҳ пешНашрия

ҚИССАИ «ГИЁҲИ ХОМӮШ ВА РОЗҲОИ ШИФО»

​Рӯзе аз рӯзҳо ба назди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино марде омад, ки аз дардҳои пайвастаи меъда ва заъфи дил шикоят мекард. Ӯ ба табибони зиёде муроҷиат карда буд, аммо доруҳои додаи онҳо — ки ҳама аз гиёҳҳои гаронбаҳои ҳиндӣ ва арабӣ тайёр шуда буданд — ба ӯ ҳеҷ кумаке накарда буданд. ​Ибни Сино пас аз муоина ва набзбинӣ ба шогирдаш Ҷӯзҷонӣ фармуд: — Ба боғ рафта, як мушт аз он гиёҳи оддие, ки дар паҳлуи девор мерӯяд ва ҳама онро «алафи бекора» медонанд, бичин. Шогирд таъҷуб кард, аммо фармонро иҷро намуд. Ибни Сино гиёҳро ба дасти худ гирифта, онро бо таносуби муайян бо гулоби холис ва як миқдор асали кӯҳӣ омехта кард. Сипас онро дар дегчаи мисӣ бо оташи мулоим соатҳо ҷӯшонд, то он даме ки шарбати ғафси хушбӯе ҳосил шуд. Матлаб ин буд, ки табибони дигар танҳо номи гиёҳҳоро медонистанд, аммо Ибни Сино мизҷонӣ ва кайфияти дорусозиро хуб мефаҳмид. Ӯ медонист, ки баъзе гиёҳҳо дар ҳолати хом заҳрноканд ё асар надоранд, аммо ҳангоми дуруст коркард шудан ва бо моддаи дигар пайваст гаштан, қувваи шифобахшиашон чанд баробар меафзояд. ​Ибни Сино шарбатро ба бемор дод ва тарзи истифодаашро фаҳмонд. Пас аз се рӯз мард комилан сиҳат ёфта, ба назди Ҳаким баргашт ва бо ҳайрат пурсид: — Эй Ҳакими бузург! Табибони дигар ба ман доруҳои симу зар медоданд ва нафъ набахшид, аммо ту бо як гиёҳи оддии сари роҳ маро шифо додӣ. Роз дар чист? ​Ибни Сино табассум карда гуфт: — Дорусозӣ танҳо ҷамъ кардани гиёҳҳо нест. Дорусозӣ ба монанди мусиқист — агар парда ва оҳангро надонӣ, садои дилхарош мебарояд. Гиёҳҳо ба монанди созандагонанд ва табиб дирижёр аст. Ҳар гиёҳ вақти худи худро барои чидан, ҳарорати худро барои ҷӯшондан ва ҳамнишини худро барои таъсир кардан дорад. ​Аз ҳамон рӯз шогирдон фаҳмиданд, ки чаро Ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» ҷилди пурраро ба дорусозӣ (фармакология) ва шинохти надз (таъсири доруҳо) бахшидааст. Ӯ на танҳо бемориҳоро табобат мекард, тухмӣ, барг ва решаҳои растаниҳоро ба доруҳои ноёб табдил медод.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешСуол

Истеъмоли картошка барои киҳо манъ аст?

Диетолог Артем Леонов гуфт, ки киҳо бояд аз истеъмоли   картошка даст кашанд. Ба гуфтаи коршинос, картошка танҳо барои афроди гирифтори бемориҳои муайян манъ аст: диабети қанд, вайроншавии мубодилаи карбогидрат ва синдроми мубодилаи моддаҳо. «Азбаски картошка дорои индекси баланди гликемикӣ — зиёда аз 70 воҳид аст, бешубҳа истифодаи он дар ҳолати ихтилоли мубодилаи карбогидрат, синдроми мубодилаи моддаҳо, диабети қанд манъ аст” мегӯяд ӯ. Хӯрокҳое ҳастанд, ки танҳо барои як тоифаи муайяни одамон хатарноканд ва дигарон метавонанд онро бемалол истеъмол намоянд.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ПЕТРУШКА - САДОИ САРРО БАРТАРАФ МЕКУНАД!

Бисёр пиронсолон аз садои сарашон шикоят мекунанд. Чаро ин рӯй медиҳад? Вақте ки дар хун шлак ва чиркҳои зиёдатӣ мавҷуданд, роҳи рагҳои хунгард танг мешавад, аз ҳамин сабаб дар сар садо мебарояд. Агар рагҳои хунгузар аз чиркҳои зиёдатӣ тоза карда шаванд, садо аз байн меравад. Барои ин як хӯшаи (40 грамм) петрушкаро дар термос гузошта, ба болои он 1 литр оби ҷӯшон мерезанд. Инфузия барои 1 соат тазриқ (дам) карда мешавад. 125 мл инфузияро субҳ, ним соат пеш аз наҳорӣ бинӯшед. Баъди 1,5 соат пас аз наҳорӣ 8 маротиба дар як рӯз 125 мл бинӯшед. Рӯзи дигар 8 бор 125 мл менӯшанд ва табобат қатъ карда мешавад. Ҳар дафъа баъд аз нӯшидани насмо даҳонро шустан лозим аст. Ин табобатро боғайратона санҷед, шумо бешубҳа фоидаҳоро эҳсос хоҳед кард.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

САБЗӢ - ЯК НАМУДИ САБЗАВОТ АСТ!

Сабзӣ (бехӣ, зардак, газ)-ро дар ҳама ҷо мепарваранд. Ватани сабзӣ соҳилҳои баҳри Миёназамин мебошад. Сабзиро 4 ҳазор сол пеш аз ин парвариш ва истеъмол мекарданд. Дар мамлакати мо аз асрҳои ХI киштукор мекарданд. Сабзии навъи хӯрокӣ серобу сершира мебошад. Агар ба он равғани растанӣ ҳамроҳ кунем, он вақт витамини А ҳосил мешавад, ки ин хусусияти сабзӣ аз дигар сабзавот бартарӣ дорад. Сабзӣ дар таркиби худ, инчунин қанд, сафеда, модаҳои пектинӣ, (калий, натрий, фосфор) витаминҳои В1, В2, С, К, Е, РР ва дигар моддаҳои бо организми инсон зарурро дорад. Сабзиро дар ҳарорати қариб 90⁰С нигоҳ доштан беҳтар аст. Сабзиро тару тоза, хушк карда ё пухта мехӯранд. Барои тайёр кардани таоми якум ва дуюм, хуришҳою винегрет фаровон истифода мебаранд. Сабзӣ ба сабзиши қад мадад мерасонад ва бар зидди ҳар гуна касалиҳои гузаранда мубориза мебарад. Оби сабзӣ барои сабзиши организми кӯдакони ширмак аҳамияти калон дорад ва ба узви босира қувват мебахшад.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

пуламро дар куҷо пинҳон кунам

-Устод, пуламро дар куҷо пинҳон кунам, ки касе наёбад? - Дар даруни китобҳо руст кун, писарам. — Ба даруни китоб? - Бале, хотирҷамъ бош ва бемулоҳиза дар даруни китобҳо руст кун, ки ҳоло мардум аз кушодани китобу хондани китоб метарсанд...

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Зарари Асабоният ба саломатии инсон!?

Вақте, ки одам асабӣ аст, роҳҳое, ки ба мағзи сар, ҷигар, гурда ва қалб маводи ғизоӣ мерасонанд, нафасгир мешаванд. Мушакҳои чашм васеъ шуда, набзи дил меафзояд. Дар ин вақт, ҷигар ба ихроҷи карбогидратҳое, ки моеъи зараровар доранд, оғоз мекунад. Чунин асабоният боиси фалаҷ шудани дасту пой ва пайдоиши бисёр бемориҳо ба монанди стенокардия, сактаи дил, сактаи мағзи сар мегардад. Аз асабоният худ ва назикону дӯстонатонро эҳтиёт кунед!

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

AСАЛ — ДАВОИ САД КАСАЛ...

Асал, ки ба қавле давобахши сад дарду бемориҳост, иммунитетро мустаҳкам мекунад. Ин маҳсулоти табиии давобахшро мардум аз қадимулайём то имрӯз барои табобату муолиҷаи касалиҳои гуногун истифода мебаранд. Истеъмоли асал тағояк ва буғуму устухонҳои баданро мустаҳкам сохта, бемориҳои шамолхӯрӣ, вирусӣ ва сироятиро рафъ менамояд. Асал хосияти асаборомкунӣ дошта, эҳсоси тарсу ваҳмро бартараф месозад. Асалро бо чойи кабуд ё оби ҷӯшомадаи хунуккардашуда якҷоя карда, пеш аз наҳорӣ истеъмол намудан фаъолияти рӯдаву меъда ва дигар узвҳои ҳозимаро муътадил менамояд. Истеъмоли асал барои кӯдакони аз 6 сола боло дар як шабонарӯз аз 15 то 30 грамм (1 қошуқча) иҷозат дода шудааст, (агар дар бадани онҳо аз истеъмоли он аломатҳои аллергия мушоҳида нашавад). Барои муайян намудани таъсири асал ба кӯдакон нахуст дар ягон ҷои бадани кӯдак каме асал бимолед. Агар давоми 1 шабонарӯз дар тифл нишонаҳои хориш ё сурхии пӯсти бадан мушоҳида нашавад, пас метавон хулоса намуд, ки истеъмоли асал ба онҳо зараровар нест. Истеъмоли асал барои паст фаровардани таби баланди кӯдакон ва бартараф намудани бемориҳои камхунӣ мусоидат намуда, меъёри гемоглабинро дар хуни инсон зиёд карда, чашмро аз хирашавӣ эмин медорад. Ҳамчунин, асал ба кӯдаконе, ки пешоби худро дошта наметавонанд, тавсия дода мешавад.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Ҷуворимакка

Ин донҳои растаниест, ки аз паҳлуи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунҷӣ дорад дар таъм ва агар расида гар- дад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст. Поя ва баргҳои он монанди ҷувории сафед мебошад. Мизоҷи ин моил ба гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, каме боднок, ғизоияташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизоияти он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст. Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, қӯтури решгаштаро дафъ мекунад, тарқидани пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хойида ба чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардонад; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд, газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад. Ба ҷойи ҷуворимакка ҷувории сафедро истеъмол кунанд, равост.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Дарди сар: сабабҳои он, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии он

Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, асабшиноси дараҷаи олӣ ва табиби саршиноси кишвар Шералӣ Саидалиев. Дарди сар, ки мафҳуми илмиаш сефалгия аст – эҳсоси нофораму вазнини дард дар мавзеи сару атрофи он буда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зарардиҳанда ба вуҷуд меояд. Дарди сар метавонад бемории мустақил ва ё аломати ғайрихусусии бемориҳои зиёди дигар бошад. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба невролог ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст. Нахуст мехостем, фаҳмем, ки инсон асосан дар кадом ҳолатҳо гирифтори дарди сар мешавад ва сардардӣ чӣ гуна ба вуҷуд меояд? Ресепторҳои эҳсоси дард дар бофтаҳои мағзи сар, дар косахонаи сар, пардаҳои майна, асабҳои ҳароммағзу майнагӣ, мушакҳо, бофтаҳои зери пӯст, рагҳо, чашмон ва ҷаъфҳои бинӣ ҷойгиранд ва таъсири ҳар гуна ангезандаҳоро эҳсос мекунанд. Доир ба тағйироти бавуҷудомада иттилоъ гирифта, онро ба ҳучайраҳои майнаи сар мебаранд ва дар бораи эҳсоси дарди бадан хабар медиҳанд. Сабаби он, ки аз ҳама пурэҳсостар танаи шараёнҳои майнаи сар ҳастанд, тағйиротҳои рагӣ боиси дарди сахти сар шуда метавонад. Ҷараёнҳои илтиҳобӣ бо ҷалби сохторҳои ба дард ҳассоси системаи марказии асаб, ангезишёбии пардаҳои майнаи сар ҳангоми заҳролудшавии умумии бадан, энсефалитҳо, болоравии фишори ликворӣ сабабҳои пайдоиши дарди сар шуда метавонанд. Тангшавӣ (спазм) ё васеъшавии рагҳои хунгарди пардаи тунуки майна, ки метавонанд ҳангоми ҳар гуна ҷараёнҳои омосӣ ва илтиҳобии сар ва бемориҳои узвҳои дохила ба вуҷуд ояд, боиси дарди сар мешавад. Ғайр аз ин сабаби дарди сар метавонад, ки омилҳои психологӣ (ба мисли стресс) бошанд. Аксаран дарди сар яке аз аломатҳои бемориҳои дигари организм мебошад. Дар илми тиб сардардӣ чӣ мафҳум ё шарҳ дорад ва навъҳои он кадом аст? Ду навъи сардард вуҷуд дорад. Сардардҳои аввалдараҷа ва дуюмдараҷа. Сардардҳои аввалдараҷа бемориҳои мустақил дониста мешаванд. Ба бемориҳои мустақиле, ки дар онҳо аломати асосӣ дарди сар мебошад инҳо мансубанд: мигрен, дарди сари сабабаш сарборӣ, дарди сари кластерӣ (ё гистаминӣ, ки ба он невралгияи асаби сегона ва асаби паси сар низ дохил мешаванд). Бештар аз 90% ҳолатҳо ба сардардҳои аввалдараҷа рост меоянд. Сардардҳои дуюмдараҷа – ин яке аз аломатҳои бемориҳои дигар ба мисли осеби сар, ҷараёнҳои омосӣ, остеохондрози қисми гардан, дистонияи вегетативӣ, бемории фишорбаландӣ, камхунӣ, бемориҳои занона ва ғайра мебошанд. Нишонаҳои асосии дарди нимсара кадом аст? Аз ҳама паҳнгаштатарин дарди сар ин дарди сари сарборӣ, мигрен ва дарди сари баъдиосебӣ мебошанд. Мигрен ё дарди нимсара (гемикрания) бо дардҳои хуруҷмонанди такроршавандаи одатан набзнок шурӯъ мешавад. Бештар ҳангоми мигрен дард дар як тарафи сар буда, онро аура яъне аломатҳои огоҳидиҳанда пешгирӣ мекунанд. Аломатҳои аура, пеш аз ҳама, торикшавии пеши чашмон, баъзан халалдоршавии ҳиссиёт ба мисли карахтшавӣ ва сихзании як тарафи рӯй, забону лабҳо, мавзеи гардан ё эҳсоси бӯи махсус мебошанд. Хуруҷҳои мигрен бештар якҷоя бо гиперстезия, ҳамчун вокуниши ҷадид ба рӯшноӣ, ба садои баланд, сарчархзанӣ ва баъзан қайкунӣ оғоз меёбанд. Аксаран асабонияти тез, хиратабъӣ, беҳолӣ ва хоболудӣ мушоҳида мешавад. Хурӯҷҳои мигрен аз як чанд дақиқа то як чанд соат давом меёбанд. Хурӯҷҳои вазнини давомнокиашон аз 72 соат зиёдро статуси мигренозӣ меноманд. Мигрени бе аура (мигрени одӣ) бештар хусусияти дардҳои набзноки як тарафи сар буда, аксаран қисматҳои фарқу пушти сар ва пешонию чаккаҳои сарро фаро мегирад. Баъзан дарди дутарафа ва тағйирёбии дарди тарафҳои сар мушоҳида мешавад. Сардарди сарборӣ чӣ гуна аст? Сардарди психогенӣ, дарди шаддиди мушакҳо – сефалгияи музмин мебошад. Пайдоиши он бештар хусусияти ирсӣ дошта, бо дисфунксияи вегетативӣ ва хусусиятҳои психологии шахсият (масалан шахси дорои ҳисси изтироби баланд) стрессҳои психоэмотсионалӣ ё физикии дарозмуддат ва рӯҳафтодагӣ вобастагӣ дорад. Сардардҳои сарборӣ ҳамчун ҳисси вазнинии сар, дарди мавзеи чашмон, пешонию фарқу чаккаҳо ва баъзан ба рӯй, гардану китфҳо дода мешаванд. Одатан чунин сардардҳо бо халалдоршавиҳои вегетативӣ, дилбеҳузурӣ, нафастангӣ, пастшавии иштиҳо, беҳолӣ ва халалдоршавии хоб анҷом меёбанд. Сардарди гистаминӣ чист? Сардарди гистаминӣ, кластерӣ, бандакӣ — сардарди ниҳоят шадид ва азиятдиҳанда дар қисматҳои гуногуни косахонаи сар буда, якбора ва номунтазам буда, нисбатан камтар во мехӯранд, бинобарин пурра омӯхта нашудаанд, вале бештар хусусияти ирсӣ доранд. Шиддати чунин сардардҳо баъзан чунон сахт мешавад, ки метавонад паи ҳам чанд маротиба пайдо шуда, беморонро ниҳоят азият диҳад ва дар баъзе ҳолатҳо беморон сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд. Баъди табобат ба муддати дароз то чанд моҳ ё чанд сол ором мегиранд. Мардум сардардиро чӣ гуна бояд ташхис кунанд? Яъне тавсияи Шумо чист? Барои ташхиси дақиқи дарди сар гузаронидани муоинаҳои комплексӣ зарур аст. Духтур баъди пурсиши ҳаматарафаи бемор ва  муоинаи он сардардро ташхис мекунад. Шумо метавонед, ки бо дуруст шарҳ додани хусусиятҳои сардард, вақти пайдоиши он, аломатҳои огоҳкунандаи он ба духтурон барои ташхиси он мусоидат кунед. Барои ташхиси пурра анҷоми муоинаҳои зерин лозим аст: томография компютерӣ, барои хурдсолон муоинаи ултрасадоии майнаи сар (УЗИ), рентгеногафияи косахонаи сар, элекроэнсефалография (ЭЭГ) ва озмоишҳои лабораторӣ. Пас, раванди муолиҷа бояд чӣ гуна сурат гирад? Тарзи табобати сардард бо сабаби пайдоиши он ва бемории муқарраршуда вобаста мебошад. Дар бисёр мавридҳо аналгетикҳо ва доруҳои зидди илтиҳобӣ таъин карда мешаванд. Табобатҳои консервативӣ барои қатъ намудани сардард ва боз доштани инкишофи беморӣ кӯмак мерасонанд. Духтур нақшаи табобатиро барои ҳар як бемор бо назардошти сабаби беморӣ, ҷинс, сину сол ва хусусиятҳои организми онҳо бо тарзи инфиродӣ таҳия мекунад. Як давраи табобат аз 3 то 6 ҳафтаро дар бар мегирад. Дар натиҷаи табобат ҳурӯҷҳои сардард хеле кам мешаванд ё пурра қатъ мегарданд. Баъди табобат беморон беҳбудӣ мушоҳида карда, иммунитети онҳо мустаҳкам мегардад. Нақшаи табобатҳои такрорӣ вобаста ба ташхиси беморӣ муайян карда мешавад. Баъди табобати охирини нақшавӣ духтур барои пешгирии минбаъдаи дарди сар тавсияҳо медиҳад. Роҳҳои асосии пешгирии бемории сардардиро Шумо дар чӣ мебинед ва умуман дар тиб кадом роҳҳо беҳтар ва мувофиқтар аст? Барои пешгирии сардард роҳу василаҳои гуногун мавҷуданд. Ман маслиҳат медиҳам, ки машғул шудан ба варзиш, давидан, шиноварӣ, гимнастика ва ғайра ба саломатии инсон фоида дорад. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед, чунки нарасидани оксиген яке аз омилҳои дарди сар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои кор бояд давран танаффус карда, худро ором намоед. Нӯшидани на камтар аз 1,5 литр об дар як рӯз, маҳдудияти нӯшидани чой ва қаҳва, даст кашидан аз тамокукашӣ ва истемоли машруботи алкогӣ. Дар як шабонарӯз инсон бояд аз 7 то 8 соат хоб равад. Ба изтироб дода нашуда, худро аз ҳолатҳои стрессӣ барканор гирад. Бисёртар ғизоҳои камнамакро истеъмол кунад. Ширинӣ, ғизоҳои бирён ва серравғанро камтар истеъмол кунанд. Сипосгузорам аз посухҳо ва машваратҳои бисёр ҷолиб! Сарбаланд бошед!

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

Дӯлона

Дӯлона ду навъ аст: дӯлонаи хасак, ки самараш сурх – инро дӯлонаи сурхак низ меноманд; қисми дувумро самараш калон-калон ва дар вақти пухтан зард мегардад. Мизоҷи дӯлонаи калон дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст. Хусусияти доруии дӯлона аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино дӯлона талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи дӯлонаро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи дӯлонаро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳад. Ба ақидаи табибони мардумӣ агар дӯлонаро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад. Дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Дӯлона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби дӯлонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дӯлона ба гурда зарар дорад. Иллати кулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби дӯлона то 90 г. ва аз мевааш то 55 г. аст. Дӯлона ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он фловоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ҶУРҒОТ ДАВО БАРОИ ФАРБЕҲӢ

Ин рузҳо пизишкони мутахассиси тағзия ба афроди фарбеҳ тавсия мекунанд, ки ҷурғот бихӯред ва бисёре аз афроде, ки  вазни зиёд доранд ва мехоҳанд лоғар бишаванд, ҳатман бояд  маводи шириро дар режими ғизоии худ ҷой бидиҳанд. Касби калсии кофӣ дар режими ғизоӣ боис мешавад бадан чарбии бештаре бисӯзонад ва миқдори чарбиро, ки бадан месозад, коҳиш бидиҳад. Аз он ҷое, ки афрод қасд доранд чарбӣ аз даст бидиҳанд на  гӯшти бадан, пас режими ғанӣ аз ғизоҳои ширии камравған   метавонад бо сӯзондани чарбиҳои изофаи бадан сабаби коҳиши вазн шавад. Ҳамакнун муҳаққиқони зиёде рӯйи фоидаҳои муассири ҷурғот ва асароти беназир дар режими ғизоӣ ва кам кардани вазн кор мекунанд ва ёфтаҳо нишон медиҳад, ки ҷурғот дорои арзиши ғизоии болое аст ва ҷурғот як чошнии пурхосияти доруӣ  низ ба ҳисоб меояд, ки таъсири зиёд барои лоғар шудан дорад; пас агар шир намехӯред, ҳатман ҷурғот  нӯши ҷон бикунед, то лоғар бишавед ва аз пукии устухон пешгирӣ кунед.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

ФОИДАҲОИ ҶУРҒОТ

Ҷурғот чун як ғизои асосӣ барои одамон аз замонҳои хеле қадим кашф карда мешавад. Имрӯз ҳам он ҳамчун хӯрдании серғизо мавриди истифода қарор дорад. Табибон истеъмоли ҷурғотро новобаста аз синну сол барои ҳама тавсия медиҳанд. Он дар илми тиб манфиатнок арзёбӣ мешавад. Истеъмоли пайвастаи ҷурғот боиси солимии организми инсон хоҳад буд. Манфиати истеъмоли ҷурғот барои саломатии инсон, махсусан кӯдакону наврасон хеле зиёд аст. Гарчанде табибон дастур ё қоидаҳои махсуси истеъмоли маҳсулоти ҷурғотиро пешниҳод накардаанд, вале набояд фаромӯш насохт, ки истифодаи аз меъёр зиёди ҳар навъ ғизо дар баробари фоида ҷиҳатҳои манфии худро низ дорад. Ҳамчунин донистан бамаврид аст, ки хусусияти шифобахшии ҷурғот аз тарзи омодашавии он низ вобаста мебошад. Дар вақти омодасозӣ ва коркарди ҷурғот бояд талаботу технология пурра риоя гардад, дар сурати акс ҷурғот фоиданокиашро гум мекунад. Агар ҷурғотро аз мағозаҳо харидорӣ намоед, аввал ба санаи барориши ин маҳсулот диққат диҳед. Мутахассисон бар ин назаранд, ки ҷурғоти наву якрӯза баъди хӯрдан зудтар ҳазм шуда, рӯдаву меъдаро нарм мекунад. Аз ин хотир истеъмоли ин навъ ҷурғот ҳангоми сахтшавии рӯдаҳо (дисбиоз) тавсия дода мешавад. Аммо бояд донист, ки истифодаи ҷурғоти серӯза дар бунёни инсон таъсири дигаре хоҳад дошт, мумкин аст мувозинати моддаҳо дар меъдаву рӯдаҳо вайрон кунад. Баъди як ҳафтаи нигоҳдорӣ қисми зиёди витаминҳо дар таркиби ҷурғот гум шуда, меъёри спирт дар он меафзояд, ки дар натиҷа маҳсулот қисми зиёди моддаҳои фоиданокашро гум мекунад. Аз ин лиҳоз, аз истифодаи ҷурғоти муҳлати истифодааш тамомшуда даст кашед. Умуман муҳлати нигаҳдории ҷурғот 3 рӯз аст. Тавзеҳ: Ҷурғот (кефири ҳақиқӣ) аз шири пастеризатсияшуда бо замбӯруғҳои кефирӣ тайёр карда мешавад. Ба ғайр аз кефири оддӣ дар мағозаҳо био–кефирро низ вохӯрдан мумкин аст, ки ин ҳам як намуди ин ғизо аст. Аммо бояд донист, ки дар таркиби био-кефир витаминҳо ва моддаҳои фоиданок зиёдтар буда, он ба бунёни одам фоидаи бештаре дорад.

0
Саломатӣ·Дунё·1 моҳ пешНашрия

5 тавсия оид ба истеъмоли дурусти ғизо !

1. Одат накунед, ки тамоми рӯз гурусна монед ва сипас якбора ба серӣ хӯрок хӯред. Ин ба ҷамъ шудани калорияҳои зиёдатӣ, калон шудани меъда, камғизоӣ оварда мерасонад. 2. Камтар ва зуд-зуд бихӯред. Хӯрокҳои хурдро ба миқдори зиёд, 2-3 бор не, балки 5 маротиба бихӯред. 3. Дар як рӯз на камтар аз 2-2,5 литр об нӯшед. Об раванди мубодилаи моддаҳоро метезонад, баданро ҷавон мекунад ва пӯстро сахт мекунад. 4. Ҳарчанд ҷолиб ба назар расад ҳам, оби нӯшокӣ тартиби худро дорад. Ҳангоми риоя кардани ин қоида, шумо боварӣ ҳосил мекунед, ки шумо ҳатто бо нӯшидани об метавонед вазни худро кам кунед. Аз ҳама муҳим он аст, ки ҳангоми хӯрокхӯрӣ об  нанӯшед. Нӯшидани моеъҳо ҳангоми хӯрок метавонад ба шикамдард, меъда ва дар ниҳоят фарбеҳӣ оварда расонад. Обро ним соат пеш аз хӯрок ва баъд аз 40-45 дақиқа пас хӯрок нӯшидан мумкин аст. 5. Нони орди сафед ва макаронро бо нони сиёҳи орди ҷавдор ва макароне, ки аз гандуми сахт тайёр карда шудааст, иваз кунед.  Зеро нони сиёҳ дар таркибаш гурӯҳи витамини В1 зиёд дорад . Ҳам аз ҷиҳати ҳазмшавӣ ва ҳам ҷиҳати ғизонокӣ муфид аст.

0