Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАВОМИ УМРИ МОДАР

Орад ҳавойи намнок
Бар димоғам бӯйи хок.
Бӯяки хоки Ватан
Беҳ аз сад мушки Хутан.
Хоки Ватан дармонам,
Дармони дарди ҷонам.
Ба хирмани тило ҳам,
Ба садҳо боғи Ирам,
Ҳаргиз намедиҳам ман
Қабзаи хоки Ватан.
Зеро дар оғӯши хок,
Дар оғӯши хоки пок
Модарҷони ман хуфта,
Дарди дилаш ногуфта,
Модари Бедилхонам
Ҷони розаш медонам.
Давоми умри ӯям,
Мислаш ғазал мегӯям.

пешина
аз 80
навбатӣ