Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДУХТАРАКИ БОЗИНГАР

  • Ин духтар парӣ бошад?
    Ё кабки дарӣ бошад?
  • Не, не.
  • Як пораи моҳ аст ин?
    Чароғаки роҳ аст ин?
  • Не, не.
  • Товуси Боғи Тилост?
    Ё аз Боғи Дилкушост?
  • Не, не...
  • Рӯи саҳна шуд давон.
    Оҳуяки Мӯлиён?
  • Не, не.
  • Гулмоҳии Варзоб аст?
    Шамолаки Яғноб аст?
  • Не, не.
  • Маликаи хубон аст,
    Аз деҳи Зарафшон аст?
  • Не, не.
  • Дилҳоро бурд ба як бор,
    Ин бозигар аз Ҳисор?
  • Не, не.
  • Нозу адояш ширин,
    Як шоҳаи набот ин?
  • Не, не.
  • Пас гӯед ин духтар кист?
    Духтари бозигар кист?
  • Номи духтар Фаттона
    Аз деҳи Кафтархона.
пешина
аз 80
навбатӣ