Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАВРИ ШУМО МЕГАРДАМ...

Байни ҳама бибиҳо
Бибиҷонам бебаҳо.
Бибиҷони бедардам,
Даври шумо мегардам.

Шумо гули бехорам,
Аз ҳама кас ғамхорам.
— Ин қадар хониш дорӣ,
Ҷонам, чӣ хоҳиш дорӣ?

— Бибиҷони якдона,
Пул бароред аз хона,
Ба ман харед аз дӯкон
Ҳамели пистабирён.

пешина
аз 80
навбатӣ