Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЗОДРӮЗ
Оростам ин бегоҳ,
Шинам ба ҷои дилхоҳ,
Нагӯяндам: – «Парвона,
Айба медонӣ ё на?
Хез аз ҷоят, шин поин,
Ҷоятро дониста шин».
Ҳар қадар суруд донам,
Ман аз як сар мехонам.
Тӯҳфа доданд бароям,
Ду амма, се тагоям.
Сухани ман мегӯянд,
Шодии ман меҷӯянд,
Бибем гӯяд: – «Момо шав,
Бадавлат мисли мо шав».
Холем гӯяд: – «Хола шав,
Яксаду бистсола шав».
Гоҳ бобо рақсад бо ман,
Гоҳ додо рақсад бо ман.
Фархунда бод рӯзи ман,
Ин шоми зодрӯзи ман!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё