Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданҲАЙ, БОРАКАЛЛО!
Рафтам дирӯз меҳмонӣ
Ҳавлии бобо,
Як лаҳзаяк нишастам
Пешаки момо.
Бо хокистар бишустам
Чойҷӯши момо,
Покиза кардам аз гард
Ҷевони бобо.
Тубакҳои пур аз гул
Бурдам ба берун,
Шишаи тирезаро
Шустам ба собун.
Шуд хонаи момоям
Равшану зебо,
Момоям гуфт: – Офарин,
Ҳай, боракалло!
Бобоям баъди пешин
Омад аз масҷид,
Чун маро дид дар ҳавлӣ
Аз шодӣ хандид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё