Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ШУКРОНА

Шукри пои равонам
Ду пояки давонам.
Шукри ду чашми бино,
Шукри ду дасти гиро.

Шукри тани бедардам,
Дили поки бегардам.
Шукри рухи гулобӣ,
Ин рӯзаки офтобӣ.

Чун бароям аз хона,
Гӯям садҳо шукрона.
Шукронаро ҳар саҳар
Омӯхтаам аз падар.

пешина
аз 80
навбатӣ