Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАР РОҲ

Аз роҳи Сӯзангарон
Танҳо будам ман равон.
Ногоҳ омада ба шаст
Ба сарам зад бо ду даст.
Сипас бизад ба рӯям
Ба чашму ба абрӯям,
Бизад ба поҳои ман,
Ба кафши зебои ман.
Аммо ман наранҷидам
Ба зери лаб хандидам.
Зеро ки баҳорон буд
Он чӣ мезад, борон буд.

пешина
аз 80
навбатӣ