Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

АФСОНА

Аз оинаи нилгун
Холаяки меҳрубон,
Ҳар шаб афсонаи нав
Гӯяд барои моён:

— Гурге дар беша мегашт
Гуруснаву хашмолуд,
Харгӯшбачаро хӯрда,
Пайи худро гум намуд.

Оҳ, бечора харгӯшак,
Харгӯшаки бечора,
Беҳуда ӯ ба бозӣ
Гардидааст овора.

Шояд ки очахаргӯш
То ҳол ӯро мекобад,
Ба умеде ки охир,
Харгӯшакро меёбад...

Нисфи шаб асту аммо
Хобӣ ман намеояд.
Пеши чашмам ҳар лаҳза
Афсона менамояд.

пешина
аз 80
навбатӣ