Зеҳн
Духтараки бозингар (Маҳбуба Неъматзода)

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои бачагонаи шоира Маҳбуба Неъматзода мебошад. Шеърҳо барои хонандагони хурдсол ва наврасон пешбинӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 80 саҳифа

АдабиётШеърКӯдакон
Аз аввал хондан

МЕҲРУБОН

Хоҳарамро бибиҷон
Номаш гуфто Меҳрубон.
Меҳрубон абрӯкамон,
Меҳрубон ороми ҷон.
Рӯякаш моҳи тобон,
Мӯяш сиёҳи печон,
Лабҳо ҳамеша хандон,
Дандонаш дурру марҷон.
Э, мебахшӣ, Меҳрубон
Надорад ягон дандон.
Аз барои қофия
Байте гуфтам ногаҳон.

пешина
аз 80
навбатӣ