МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар дуюмаш — вай ҳалли онҳоро уҳда карда наметавонад, барои ҳамин масъалаҳоро бо ёрии калонсолон ҳал мекунад. Фақат он тарбия хуб дониста мешавад, ки пешопеши инкишоф меравад. Вазифаи тарбия аз он иборат аст, ки бояд «минтақаи инкишофи наздик» барпо кард, то ки минбаъд ба «минтақаи инкишофи хеле муҳим»
гузашта шавад. Шахсиятро тарбия ташаккул медиҳад, ки аз қафои худ инкишофро мебарад.
Педагогика ва равоншиносии муосир дар инкишофи шахсият мақоми ҳалкунандаи тарбияро эътироф мекунанд. Тарбия дар назди инсон доираи васеи донишро кушода, ӯро бо ҳаёти гирду атроф мешиносонад. Насли наврас бо ёрии одамони калонсол аз хурдсолиаш бо олами беруна муносибат карданро ёд мегирад.
Вай бо ёрии калонсолон (падару модарон, тарбиядиҳандагон, аъзоёни оила) нутқ ва меъёрҳои ахлоқро аз худ мекунад. Баробари ба мактаб дохил шудани бача фаъолияти асосии ӯ омӯхта мешавад. Вай доираи фикри бачагонро беандоза васеъ мекунад, ба аниқу ҳаматарафа шудани дониш ёрӣ мерасонад, хонандагон дар рафти таҳсил васоити таълимиро аз худ намуда, имконият меёбанд, ки бисёр чизҳоро на танҳо аз сухани омӯзгор, балки инчунин аз китобҳо ва суҳбатҳо бо калонсолон дониста гиранд. Ҳамин тавр, муносибат ва амалиёт шарти муҳими инкишофи шахсият мебошад. Таъсири тарбия ба инкишофи бачагон бештар ба вазъияти татбиқшавии он вобаста аст.
ИНКИШОФ ҲАМЧУН БАВУҶУДОИИ ТАҒЙИРОТИ МИҚДОРИЮ СИФАТӢ ДАР ҶИСМИ ОДАМ
Инкишофи шахсият яке аз категорияҳои асосӣ дар равоншиносӣ ва педагогика мебошад. Равоншиносӣ қонуниятҳои инкишофи руҳиро муайян менамояд, педагогика назарияҳоеро кор карда мебарояд, ки чӣ тавр дуруст ба инкишофи одам роҳбарӣ карда шавад. Инкишоф ҳамчун ҷараёни дигаргуниҳои миқдорӣ ва сифатӣ буда, дар зери таъсири омилҳои беруна ва дохилӣ ба амал меояд. Такмили шахсият сол ба сол аз ҷиҳатҳои зерин ба вуқӯъ меояд: инкишофи ҷисмонӣ (системаҳои устухониву мушакӣ ва дигар узвҳо), инкишофи психикӣ (руҳӣ, ҷараёнҳои идрок, тафаккур ва ғайра), иҷтимоӣ (ташаккули эҳсоси маънавӣ).
Манбаи инкишоф муборизаи асосҳои бо ҳам зид мебошад. Педагогика, равоншиносӣ ба ин мафҳум ҷараёни инкишоф ва ба камолотрасии организмро дохил мекунанд. Ин ҷараёнҳо бо инкишофи руҳи алоқаи байниҳамдигарӣ доранд, ба он таъсир мерасонанд, аммо ташаккули инсонро ҳамчун шахсият муайян намекунанд.
Инкишофи шахсият, ҷараёни инкишофи маънавӣ, такомулёбӣ, тағйироти сифатӣ дар ҳамаи соҳаҳои барои шахсият аҳамиятнок ба монанди дар амалиёт, дар инъикоси воқеияти гирду атроф, дар муносибат ба ҳодисаҳои гирду атроф ба одамон, дар ҷараёни донишандӯзӣ мебошад. Инкишоф ва ташаккули шахсият, хусусан дар солҳои ҷавонӣ бо таъсири тарбия ба амал меояд. Аммо дараҷа ва характери тарбия бештар ба он вобаста аст, ки тарбия то чӣ андоза қонуниятҳои инкишофро ба эътибор мегирад. Ҳамин тавр, миёни тарбия ва инкишоф алоқаи дутарафа мавҷуд аст.
Имрӯз ба омӯзиши шахсият мароқи калон зоҳир менамоянд, лекин муносибат дар фаҳмидани табиати шахсият, шароити инкишоф ва ташаккулёбии ӯ дар илми ҳозира гуногун аст. Баҳс дар илм саволеро ба миён мегузорад, ки қувваи пешбарандаи шахсият дар чист, дар зери таъсири кадом омилҳо мегузарад. Дар ин бобат ақидаҳо духелаанд: якум биологикунонӣ буда, инкишофро чун ҷараёни биологӣ, табиӣ, ирсӣ маънидод менамояд. Мувофиқи ин ақида рафти ба камолотрасӣ ин ё он барномаи генетикӣ амал менамояд. Дуюм, материалистӣ буда, зикр менамояд, ки инкишофи шахсият дар зери таъсири омилҳои биологӣ (ирсӣ) ва иҷтимоӣ (ҷомеа, оила, институтҳои иҷтимоӣ), ба амал меояд. Дар ин ҷо ба мақоми омилҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода мешавад, омилҳои табиӣ бошад, асос ва имкониятҳо барои инкишоф ба вуҷуд меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё