МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муҳимтаринаш идоракунӣ ва худидоракунӣ (мунтазамӣ ва худмунтазамӣ) мебошад.
Дар аксар мавридҳо ба инобат гирифтани робитаи муфидонаи сабабияти тафтиш аҳамияти муҳим дорад. Масалан, таҳлили сабаб нокифоягии таъсирбахшии раванди педагогиро иҷозат медиҳад, ки дигаргуниҳои оянда ба лоиҳа гирифта шавад, то ки аз такроран содиршавии хатоҳо худдорӣ намоянд. Ба ҳисобгирии алоқаи гинетикӣ низ нафъ дорад, яъне зоҳир намудани тамоюли таърихӣ, анъанаҳо дар омӯзиш ва тарбия, ки афзалияти пешравиро таъмин мекунанд, барои банақшагирӣ ва бавуҷудоварии равандҳои педагогии нав имконият медиҳанд.
Раванди педагогӣ ин ҷараёнест, ки он ҳамчун дигар равандҳои меҳнатӣ баҳри комёбии мақсадҳои умумӣ равона мегардад. Хусусияти раванди педагогӣ дар он аст, ки меҳнати тарбиятгарон ва тарбиягирандагон якҷоя бо фаъолияти ҳамдигарӣ ҷараён мегирад.
АСОСҲОИ ПЕДАГОГИИ ТАШКИЛ КАРДАНИ РАВАНДИ ЯКЛУХТИ ПЕДАГОГӢ
Раванди педагогӣ, ҳамчун дигар ҷараёнҳои меҳнатӣ бо дараҷаи ташкилнамоӣ, идоракунӣ, маҳсулнокӣ, технологӣ, сарфакорӣ, барои ҷудокунии роҳкушоӣ асосонидани меъёрҳои арзёбии сифати ва миқдории пешрафт нигаронида шудааст.
Хусусияти беҳтарини раванди педагогӣ ин — вақт мебошад. Он баромади меъёри универсалӣ дорад, имконият медиҳад, ки боэътимод дар бораи чӣ қадар тез ва босифат ҷараён ёфтани раванди мазкур ҳакамӣ намояд.
Яклухтии раванди педагогӣ. Раванди педагогӣ — алоқамандии дохили маҷмуи равандҳои зиёд, ки моҳиятан аз таҷрибаи иҷтимоӣ ба сифати ташаккулдиҳии одам табдил меёбад. Раванди яклухт дар худ пайвасткунии равандҳои тарбия, омӯзиш, инкишофро на ба таври механикӣ, балки ҳамчун сифатҳои нави омӯзиш, ки ба қонунияти махсуси худ итоат доранд, алоқаманд мекунад. Яклухтӣ, умумият, ягонагӣ — тавсифи асосии раванди педагогӣ, таъкидкунандаи тобеияти ҳамаи ягонагии равандҳои таркибии он ба як мақсад аст.
Диалектикаи мураккаби муносибати дохилии раванди педагогӣ:
- дар ягонагӣ ва мустақилият будани равандҳои бавуҷудоварии он; 2) дар яклухтӣ ва баробар тобеъшавии он системаҳои воридшудаи мустақил; 3) дар мавҷудияти умумӣ ҳам нигоҳдории хусусиятҳои ба худ хоси қисматҳо.
Хусусиятҳои яклухтшудаи раванди педагогӣ кадомҳоянд? Онҳо мавриди ҷудошавӣ бо вазифаҳои бартаридоштаи худ зоҳир мегарданд. Раванди бартаридоштаи омӯзиш — тадрис, тарбия -парвариш, инкишоф — рушд. Вале ҳар кадоми ин раванди номбаршуда дар раванди яклухт вазифаҳои ҳамроҳикунандагиро иҷро мекунанд: тарбия на фақат бо тарбиякунӣ, ҳамчунин бо инкишофдиҳӣ ва вазифаи маълумотдиҳӣ бо омӯзиш, ҳамчунин омӯзиш бо тарбия ва инкишоф вобаста иҷро карда мешавад. Диалектикаи бо ҳам алоқамандӣ ба мақсад, вазифаҳо, мазмун, шакл ва методҳои иҷрокунии ташкили якҷоякунии равандҳо нақш мегузорад, ҳангоми таҳлил хусусиятҳои бартарии онҳо низ ҷудо карда мешавад. Масалан, дар мазмуни омӯзиш бартарӣ доштани ташаккулёбии маълумоти илмӣ, азхудкунии мафҳумот, қонунҳо, принсипҳо, назария, пай дар пай таъсиррасонӣ ба инкишоф ва ба тарбияёбии шахсият низ тааллуқ дорад. Дар мазмуни тарбия афзалияти ташаккулёбии эътиқод, норм, қоида, идеалҳо арзишҳои муайянкунӣ, гузориши мақсад, мотивҳо ва ғайра, вале дар ҳамин вақт тасаввурот, дониш, маҳорат низ ташаккул меёбад. Ҳамин тавр, ҳарду раванд ба мақсади асосӣ ташаккули шахсият, вале ҳар кадоме аз онҳо ба матлаби ноилгардии ин мақсад тибқи воситаҳои махсус мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё