МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Раванди таълим дар ҳалли вазифаи маълумотдиҳӣ мавқеи ҳалкунанда дорад, ҷараёни тарбия дар ҳалли вазифаҳои тарбиявӣ мақоми асосӣ дорад. Ҳар ду ҷараён якҷоя вазифаи инкишофдиҳиро ба амал мебароранд. Бояд қайд кард, ки ҳар кадом хислатҳои ба худ хосро доранд. Дар мазмуни таълим-ташаккули ақидаҳо, донишҳои илмӣ, мафҳумҳо, қонунҳо, назарияҳо, маҳорат ва малакаҳои махсуси илмӣ бартарӣ доранд. Дар мазмуни тарбия бештар ташаккули ақидаю эътиқодҳо, рафтору интизом, муносибатҳои аҳамияти ҷамъиятию иҷтимоӣ дошта ва ғайра дида мешавад.
Ҳамин тавр, ҳар ду раванд дар як вақт ба шуур, ба муносибатҳо, ирода ва эҳсос, фаъолият таъсир расонида инкишофи умумиро таъмин менамоянд.
МАРҲИЛА ҲОИ РАВАНДИ ПЕДАГОГӢ
Раванди педагогӣ хусусияти силсилавӣ дорад. Дар инкишофи тамоми раванди педагогӣ пайдо кардани марҳалаҳои бо ҳам монандро пайдо кардан мумкин аст. Марҳила ин на қисми таркибӣ, балки пайдарҳамии инкишофи раванд аст.
Марҳалаҳои асосӣ инҳоро номидан мумкин аст: тайёрӣ, асосӣ, хотимавӣ. Марҳалаи аввалин омода намудани ҷараёни педагогӣ, дуюм ҷорӣ намудани раванди педагогӣ, сеюм марҳалаи таҳлили натиҷаҳои раванди педагогӣ.
Марҳилаҳои раванди педагогӣ тайёрӣ асосӣ хотимавӣ
– мақсадгузорӣ;
– ташхиси шартҳо;
– пешгӯии дастовардҳо;
– лоиҳакашӣ ва ба нақшагирии инкишофи ҷараёни педагогӣ)
– муайян намудани мақсад ва вазифаҳои фаъолияти педагогӣ, таълимӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳандагӣ;
– ба роҳ монии методҳо, воситаҳо, шаклҳои ташкили ҷараёни педагогӣ;
– таъмини ҳамкории субъектҳои тарбия;
– муҳайё намудани имкониятҳо;
– иҷрои тадбирҳои ҳамасманкунии фаъолнокии хонандагон
– таҳлили натиҷаҳои ҷараёни педагогӣ I. Марҳалаи тайёрӣ-омодагӣ.
а) Омӯхтани мақсад ва вазифаҳои ҷамъиятӣ.
б) Муайян намудани мақсадҳои педагогӣ.
в) Ташхиси ҳолати системаҳое, ки дар он ҷараёни педагогӣ мегузарад.
г) Бо назардошти хусусиятҳои система муайян кардани мақсад ва вазифаҳо.
д) Бунёди шароитҳои зарурии дохилимактабӣ.
е) Интихоби варианти оптималии мазмун, методҳо ва шаклҳои ҷараёни педагогӣ.
II. Марҳалаи ташкил ва ҷорӣ намудани ҷараёни педагогӣ.
а) Фаъолияти омӯзгор — фаъолияти тарбиягиранда.
б) Гузориши мақсад ва вазифаҳо — қабул кардани вазифаҳо.
в) Ҳавасманд намудани фаъолият — сармашқи фаъолиятро қабул ва амалӣ гардонидан (мотивасияи фаъолият).
г) Ташкили омилҳои педагогӣ ва фаъолияти тарбиягирандаҳо ба фаъолият шурӯъ кардан.
III. Марҳалаи таҳлили натиҷаҳои ҷараёни педагогӣ.
а) Таҳлил ва худтаҳлил намудани дастовардҳои таълим, тарбия ва инкишоф.
б) Муайян намудани камбудиҳое, ки дар ҷараёни педагогӣ рух додаанд.
в) Таҳлил ва худтаҳлил намудани сабабҳои ин камбудиҳо.
д) Ба нақша гирифтани таҷрибаҳое, ки тарбиядиҳандаҳо дар оянда ин сабабҳоро бартараф менамоянд.
Дар марҳалаи тайёрии раванди педагогӣ шароити кулай барпо карда мешавад, то ки барои ҷорӣ кардани раванд ба матлаби муайян ва мувофиқи суръати нишондодашуда майл карда шавад. Дар марҳалаи мазкур вазифаҳои муҳими зайл ҳал карда мешаванд: мақсаднокӣ, шароитҳои ташхисӣ, пешгӯӣ кардани комёбиҳо, тарҳрезӣ ва банақшагирии инкишофи раванд.
Моҳияти мақсаднокӣ (боасос гузориши мақсад) аз он иборат аст, ки дар назди системаи маориф, ба вазифаҳои аниқ, дар соҳаҳои дастраси раванди педагогӣ таҳти шароити мушаххаси мавҷуда гузошташудаи мақсади умумии педагогӣ тағйир дода мешавад. Мақсаддорӣ ҳамеша ба системаи аниқи иҷрошавии раванди педагогӣ пайвастагӣ дорад — ба мактаб, синф, дарс ва ғ. Дар марҳалаи мазкур иҷро кардани раванди педагогӣ байни талаботи мақсади умумии педагогӣ ва имкониятҳои аниқи ҳайати хонандагони муассисаи таълимӣ ва ғ. ихтилофот зоҳир мегардад, роҳҳои ҳалли ин ихтилофот дар раванди тарҳсозӣ пешбинӣ карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё