МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Хонандагон ба навиштан оғоз мекунанд.
Қайд намудани натиҷаҳои чашмдошт ва кӯшишҳо Омӯзгор назорат карда, мебинад, ки Далеру Наргису Фирдавс танҳо як ҷумла навиштаанд.
Омӯзгор:
— Ҳама супоришро фаҳмиданд? Ягон кас савол ба ман дорад?
Далер:
— Чанд ҷумла бояд нависем?
Наргис:
— Дар як мавзуъ нависем?
Омӯзгор:
— Ман шояд супоришро ба шумо пурра нафаҳмондам. Ҷумлаҳои шумо аз 3 то 5‑то бошанд. Дар ҷумлаи аввал ду калима, дар ҷумлаи дуюм се, дар ҷумлаи сеюм чор ё панҷ калима. (ба намунаи дар тахта буда ишора карда, мефаҳмонад). Бале, дуруст дар як мавзуъ менависед. Яъне, ҷумлаҳоятон бо ҳам алоқаманд бошанд.
Нияти нек
Омӯзгор:
— Далер, ҳоло мо чӣ кор мекунем?
Далер:
— Мо пайдарпай ҷумла менависем. Ҷумлаи якуми мо ду калима дорад. Баъд калимаҳо дар дигар ҷумлаҳо зиёд мешаванд.
Омӯзгор:
— Дуруст, Фирдавс аввал, чӣ кор мекунем?
Фирдавс:
— Аввал як ҷумла менависем. Ду калима дошта бошад.
Омӯзгор:
— Наргис, баъд чӣ кор мекунем?
Наргис:
— Калимаҳоро зиёд карда, чор ё панҷ ҷумла менависем. Ранги як матн мешавад.
Омӯзгор:
— Офарин! Дар хотир ин саволҳоро гиред, ки ба Шумо дар навиштани ҷумлаатон ёрӣ медиҳанд:
Ҷумлаи якум: Чӣ\Кӣ (Чиҳо\Киҳо)? Чӣ кор карданд?
Ҷумлаи дуюм: Чӣ\Кӣ (Чиҳо\Киҳо)? Кай? Чӣ кор карданд?
Ҷумлаи сеюм: Чӣ\Кӣ (Чиҳо\Киҳо)? Кай? Аз куҷо? \Ба куҷо? Чӣ кор карданд?
Ана, акнун ба навиштан сар кунед.
Айни муддао
Хонандагон менависанд. Омӯзгор мушоҳида кард, ки панҷ-шаш нафар ду ҷумла навиштаанд.
— Хонандагони азиз, оё кори худро санҷидед? Ба саволҳо нигоҳ карда, ҷумлаҳоро тартиб додед?
Хонандаи номаълум
Омӯзгор боз дар синф давр зада, кори хонандагонро мушоҳида мекунад.
Омӯзгор:
— Акмал, офарин, ҷумлаҳоят мувофиқи намуна навишта шудаанд. Зебо ҳам дуруст навиштааст. Умед, дар куҷо нофаҳмӣ аст?
Аз имконият истифода бурда рафтори мусбатро қайд кардан Муҳити таълимӣ дар педагогикаи Монтессори Ба андешаи Мотессори муҳити таълимӣ «воситаест, ки мо ба кӯдак таъсири бештар расонида метавонем». Чӣ гуна сохта шудани муҳити таълмиро дар педагогикаи Монтессори дида мебароем.
Мария Монтессори — асосгузори як системаи педагогӣ бо ҳамин ном, дар Италия ба дунё омадааст ва якумин италиявидухтар аст, ки дар Донишгоҳи Италия курси тиббиро бо дипломи духтур хатм кардааст.
Педагогикаи Монтессори ба принсипҳои фундаменталие асос меёбад, ки дар замони мо низ муҳиманд: ҳуқуқи кӯдаконро дар мавриди монанд набудан ба калонсолон ва ба ҳамдигар эҳтиром кардан, эҳтироми ҳуқуқи ҳар кадоме барои фарқкунанда аз дигарон будан, нигоҳ доштани «Ман»-и худ, фардияти худ; кӯдакон маҳз ба туфайли мақсаднокии шахсӣ фаъолият эҷод мекунанд ва ривоҷ меёбанд; эҳдои табиии эҳсосотию зеҳнии фардияти кӯдаконро ба таври максималӣ истифода кардан дар рушди фардияти онҳо.
Монтессори ба мақсади ҳавасмандгардонии кӯдакон маводи махсуси таълимие таҳия карда буд, ки баъдан онро «маводи эҳсосӣ» номида буд. Тавассути ҳавасмандгардонии идроки ҳассосии кӯдакон кунҷкобии онҳоро бедор карда, диққаташонро ба маводи педагогӣ ҷалб менамуд.
Моҳияти педагогикаи Монтессори дар ин шиор буд: «Ба ман ёрӣ диҳед, ки худам иҷро кунам».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё