Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

ТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ягон кӯдак аз рӯи намуд ё дараҷаи маъюбият хориҷ карда намешавад) Танҳо ба кӯдакони дорои маъюбияти сабук иҷозат дода мешавад, ки бахше аз таҳсилоти фарогир бошанд, дар ҳоле ки кӯдакони ба дастгирии бештар ниёздошта бояд дар муҳити ҷудогона таҳсил кунанд.
Таносуби табии хонандагони дорои маъюбият дар ҳар мактаб ва синфхона таҳсил мекунанд) Хонандагони дорои маъюбият ва бидуни маъюбият барои қонеъ кардани ниёзҳои инфиродии худ таҳсил мекунанд) Ҳар кӯдак дар синфхонаи таълими умумии мувофиқ ба синну сол таҳсил мекунад) Дастгирӣ дар бахши таҳсилоти махсус дар синфхонаҳои таҳсилоти умумӣ таъмин карда мешавад) Аз ҳад зиёд пур шудани синфхонаҳо бо хонандагони дорои маъюбият ё хонандагони дар хавф (риск) қарордошта.
Коҳиш ёфтани муваффақияти хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ тавассути таълими сусттар ё барномаи таълимии камтар душвор.
Хонандагони дорои маъюбият дар синфҳои ибтидоӣ бидуни имконияти омӯхтани мафҳумҳои мураккабтар нигоҳ дошта мешаванд.
Хонандагони дорои маъюбият дар синфхонаҳои таҳсилоти умумӣ бидуни банақшагирии бодиққат ва дастгирии мувофиқ ҷойгир карда мешаванд.
Омӯзгори фарогир кист? Омӯзгори фарогир омӯзгорест, ки дар бораи ҳамаи кӯдакон фикр мекунад ва ба ҳамаи онҳо дарс медиҳад. Ӯ боварӣ дорад, ки тамоми кӯдакон бояд ба муассисаи таълимӣ раванд ва имкони рафтан ба муассисаҳои таълимии маҳалли худро дошта бошанд.
Омӯзгори фарогир равишҳои омӯзиши ҳар як кӯдакро ба назар мегирад. Тарзи омӯзиши кӯдакон ва ҳатто калонсолон аз ҳам фарқ мекунад: баъзеҳо аз тариқи диаграммаҳои аёнӣ дарк мекунанд; барои баъзе лозим аст, ки барои худ қайдҳои мушаххас кунанд; барои гурӯҳи дигар лозим аст, ки ба суҳбати шифоҳии омӯзгор гӯш диҳанд. Инҳоро «сабкҳои омӯзиш» ё «равишҳои омӯзиш» меноманд.
Вақте ки омӯзгор ҳангоми дарс аз лексия истифода мекунад, ин сабк барои он кӯдаконе мувофиқ аст, ки ба таври шифоҳӣ аз худ мекунанд ва дар азёдкунӣ хуб ҳастанд, аммо на барои кӯдакони дигар (новобаста аз он ки дорои талаботҳои махсус ҳастанд ё не). Агар омӯзгорон дарсҳои худро тарзе ба нақша гиранд, ки дар он таълим натанҳо тавассути як сабки омӯзиш, балки сабкҳои гуногун сурат гирад, он вақт кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои талаботҳои махсус, беҳтар хоҳанд омӯхт.
Омӯзгоре, ки амалҳои дар поён зикршударо анҷом диҳад, яқин ҳосил мекунад, ки шогирдонаш фақат ба муассисаи таълимӣ омада, дар синф намешинанд, балки ҳамаи онҳо меомӯзанд, дар омӯзиши худ ва ҳамсинфонашон «ширкат» мекунанд ва ба истифодаи пурраи зарфиятҳои худ «ноил» мегарданд.
Фаъолиятҳои омӯзгоре, ки омӯзишро фарогир менамоянд:

  1. Рӯйхати ҳамгироёна ба омӯзишро дар синф ташвиқ мекунад, то ки кӯдакон на мусобиқа, балки ба ҳамдигар кӯмак расонанд. Инро метавон аз тариқи корҳои гурӯҳӣ ва кор дар ҷуфтҳо ба роҳ монд.
  2. Барои омӯзиши тамоми кӯдакон маводи иловагӣ ва муҳити ташвиқкунандаро фароҳам меоварад.
  3. Фурсатҳои омӯзишии пурмаъноро эҷод мекунад (аз худ мепурсад, ки чиро дарс додаст, чаро онро дарс додаст ва дар барномаи таълимӣ чӣ ҳаст?). Ҳамин тавр, омӯзгорон бояд итминон ҳосил намоянд, ки омӯзише, ки дар синф сурат мегирад, барои ҳаёти ҳаррӯзаи кӯдакон маъно дорад ва донишу маҳоратҳоеро ба онҳо меомӯзонад, ки ба онҳо кӯмак менамоянд аъзои бомасъулият ва судманди ҷомеа гарданд.
пешина
аз 142
навбатӣ