Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Вазифаи муҳими омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кор бо падару модарон мебошад.
Оилаҳо ва муассисаҳои таълимӣ барои ояндаи дурахшони бачагон қувваҳои худро муттаҳид мекунанд. Омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар тарбияи фарзанд ба оила такя мекунад, тарбияи оиларо ба самти инсонпарварона роҳнамоӣ мекунад. Вай мушкилоти оилаи муосирро хуб дарк карда, тамоми малакаю маҳораташро истифода мебарад, то равандҳои тарбияи оила ва муассисаи таълимӣ ба ҳам мувофиқат кунанд. Андеша дар бораи он ки кӯдак инъикосгари шахсияти падару модар аст, доимо тасдиқ мешавад. К. Н. Волков барои омӯхтани ин вобастагӣ таҷрибаи хеле намоишкорона ташкил намуд. Ба суҳбат як гурӯҳ бачагони синни томактабии 6–7‑сола ҳамроҳи модаронашон даъват карда шуданд. Дар давоми 30 дақиқа онҳо дар ҳуҷраи таҷрибавӣ монданд, ки дар он ҷо онҳо бояд интизори мулоқот бо равоншинос буданд. Дар ҳуҷра барои бачаҳо бисёр чизхои хеле шавқовар — суратҳо, китобҳо, бозичаҳо буданд. Таҳқиқгар мушоҳида кард, ки модарон ва кудакон чӣ тавр рафтор мекунанд. Онҳо гуногун амал мекарданд. Баъзеҳо якҷоя ба китобҳо нигоҳ кардан, онҳоро муҳокима кардан, расмкашӣ кардан ё бозӣ кардан, яъне бо чунин амалҳо фаъолона машғул буданд. Дигарон ба чизе даст нарасонда, танҳо тамошо мекарданд.
Як қисми онҳо давоми 30 дақиқа нишаста интизор шуданд ва ба ягон ашё таваҷҷуҳ зоҳир накарданд.
Тафтиши минбаъда тасдиқ кард, ки фаъолияти маърифатии бачагон рафтори падару модари онҳоро пурра инъикос мекунад. Агар оила ба раванду натиҷаҳои ташаккули шахсият таъсири мусбӣ дошта бошад, пас ба он афзалият додан лозим аст.
Дар аксари оилаҳои имрӯза қувва ва вақти волидайн барои таъминоти моддӣ сарф мешавад, вале на барои ташаккул ва камолоти маънавии фарзандон.
Дар ташкили тарбияи оилавии бачагони синни хурди мактабӣ омӯзгори ибтидоӣ нақши асосӣ мебозад. Барои бомуваффақият ҳамоҳанг сохтани таъсири тарбиявӣ он бояд мавқеи инсондӯстонаи таълими педагогиро ишғол намояд.
Мутобиқ кардани фаъолияти муассисаи таълимӣ, оила ва ҷамъият дар тарбияи бачагон дар шаклҳои зерини ташкил карда мешавад:
– мутобиқсозии нақшаи корҳои тарбиявии коллективи омӯзгорони муассисаи таълимӣ, кумитаи волидайн, шурои ҷамоати маҳалли зист, китобхона, варзишгоҳ, шуъбаи корҳои дохила, маркази солимгардонии минтақавӣ бо муайян намудани вазифаҳои ҳар як иштироккунандагони раванди таҳсилот;
– ташкили омузиши мунтазами падару модарон ва аҳли чамъият аз тарафи муассисаи таълимӣ оид ба усулҳои самарабахши кор бачагон.
– бодиққат омӯхтан ва якҷоя муҳокима намудани рафти кор ва натиҷаҳои кори тарбиявӣ, ошкор намудани сабабҳои камбудиҳо ва ҷиҳати бартарафсозии онҳо якҷоя чораҳо андешидан.
ШАКЛҲОИ ҲАМКОРИИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ, ОИЛА ВА ҶОМЕА
Муассисаи таълимӣ кори асосиро бо падару модарон ба воситаи иттиҳодияҳои падару модарон — кумитаҳо, шуроҳо, ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳои мададгор, ассамблея, президиумҳо, комиссияҳо, марказҳо ва ғайра мегузаронад. Ҳар кадоми онҳо оинномаи худро (низомнома, нақша) доранд, ки самтҳои асосии фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни раванди таълимро муайян мекунанд.

пешина
аз 142
навбатӣ