МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Академик М. Лутфуллозода фарқияти байни салоҳиятҳои хонандаҳою омӯзгоронро чунин тавзеҳ додаанд: «Агар салоҳиятҳои хонандаҳо дар доираи ҷаббидаи дониш маҳорату малакаҳо маҳдуд шаванд, салоҳиятҳои омӯзгор ҷаббидаи дониш, маҳорату малака, таҷрибаи амалӣ, технологияи педагогӣ, маънавиёт ва фарҳанги ӯст, ки дар мустақилият, иҷтимоӣ-коммуникативӣ, ахбор, тафаккури интиқодӣ, таҳқиқотӣ, тафаккури эҷодӣ, эҳсос, арҷгузорӣ ва ғайра ифода мегардад».
Омӯзгор дар фаъолияти амалии худ ба ин ва дигар салоҳиятҳо такя менамояд. Аз ин таърифот ду хулоса мебарорем:
Хулосаи якум. Салоҳиятро ба омӯзгор сазовор медонанд, салоҳиятнокиро худаш ба каф меорад. Вале ҳар ду ҳам бе заҳмату бе саъю кӯшиш муяссар намегардад.
Хулосаи дуюм. Дар ҳар ду таъриф унсурҳои муҳими ҷараёни педагогӣ ҳузур доранд, ки ба фаъолияти самарабахши омӯзгор мусоидат менамоянд. Ин унсурҳоро ба таври фишурда шарҳ медиҳем.
Унсури 1. Ҷаҳонбинӣ ё доираи назари омӯзгор Омӯзгоре, ки дар мусовӣ бо хубу аъло омӯхтану донистани донишҳои касбӣ, педагогика, психология, методика ва технологияи таълим:
— доираи назар — ҷаҳонбинии васеи илмӣ-фалсафӣ дошта бошад;
— қонунҳои тараққиёти табиату ҷамъиятро донад, ба онҳо аз диди илмӣ баҳо дода тавонад;
— аз мазмуни қарору қонунҳо, консепсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки Ҳукумат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илму маориф қабул мекунанд, бохабар бошад;
— аз мазмуну муҳтавои фанҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, иқтисодиёт огоҳ бошад;
— аз навоварию навгониҳои илму техника, навиду иттилооти ҷаҳону кишвар бохабар бошад;
— дар тадбирҳои гуногуни сиёсиву ҷамъиятӣ, аз ҷумла озмунҳо, олимпиадаҳо, семинару конференсияҳо, ки марбут ба ихтисос мегузаранд, фаъолона иштирок намояд;
— дар курсу семинарҳои такмили ихтисос, ки мувофиқи нақша гузаронида мешаванд, иштирок намояд;
— байни ҷомеа, ҳамранги ҷомеа бошад.
Ҳамаи ин унсурҳо ҷаҳонбинии илмии омӯзгорро вусъат бахшида, имконият медиҳанд, ки ӯ воқеъаҳои иҷтимоӣ ва табииро ҳаққонӣ баҳо дода, мавқеи худро дар ҷомеа муайян намояд.
Унсури 2. Омӯхтан ва донистани донишҳои касбӣ Салоҳияту салоҳиятнокии омӯзгор дар арсаи заҳмати пурмашаққати ақлии омӯхтан, дидан ва мушоҳида кардан муяссар мегардад.
Омӯхтан дар фаъолияти омӯзгорӣ ва барои омӯзгор доманадор аст ва маънои васеъ дорад.
- Омӯхтани назария ва амалияи донишҳои касбӣ, ки дар фаъолияти омӯзгорӣ ба кор меоянд.
-
-
-
- Худомӯзӣ ва бозомӯзӣ, ки яке аз шартҳои муҳими пешравист.
Омӯхтани раванди ҷомеа, зиндагӣ ва дархостҳои он.
Омӯхтани асосҳои методологии маориф, матбуоти даврӣ.
- Худомӯзӣ ва бозомӯзӣ, ки яке аз шартҳои муҳими пешравист.
-
-
- Омӯхтани таҷрибаи пешқадам.
Омӯхтани хусусиятҳои психологию педагогии шогирдон, шароити хонавода ва муносибати калонсолон (падару модарон) нисбат ба ҳамдигар ва таҳсили фарзандон. -
- Омӯхтани шароит ва муҳите, ки шогирдонро фаро гирифтааст.
Омӯхтани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбии худ ва баҳои сазовор додан ба он.
Аз мазмуну муҳтавои гуфтаҳои боло бармеояд, ки салоҳияти омӯзгорро мансуб ба маҷмуи донишу таҷриба ва малакаҳои касбӣ аст. Яъне салоҳияту салоҳиятнокӣ дар пиндору (фикру андешаи мо) кирдору (амалу ҳаракати мо), фарҳанги гуфтори мо нуҳуфтаанд.
- Омӯхтани шароит ва муҳите, ки шогирдонро фаро гирифтааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё