МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Омӯзонидан.
Идоракунии фаъолияти азхудкунии хонандагон дар ҷараёни таълим.
Корҳои тарбиявӣ.
Ташкили муҳити тарбиявӣ ва идоракунии фаъолиятҳои гуногуни хонандагон бо мақсади ҳалли масъалаҳои инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият.
Ҷомеа ва халқ нисбат ба омӯзгор боварии зиёд дорад ва нисбати ӯ ғамхорӣ зоҳир менамояд. Зуҳуроти ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор дар беҳтаршавии шароити иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ӯ ифода мешавад. Ҳамин аст, ки имрӯз омӯзгор бо унвонҳои олӣ: «Аълочии маорифи халқ», «Омӯзгори шоистаи ҷумҳурӣ», «Омӯзгори калон» ва ғайраҳо сарфароз гардонида мешаванд. Омӯзгор аъзои парлумон буда, марому мақсади мактабу маорифро ҳимоя мекунад. Мақому манзалат ва нақши омӯзгор алалхусус дар даврони соҳибистиқлоли кишварамон афзудааст. Дар ин рӯзгор омӯзгорон рисолати таърихии худро сарбаландона идома дода, дар давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пойдории сулҳу ваҳдат ва худшиносии миллӣ, таълими илму фан ва тарбияи ватандӯстии созандагони ҷомеаи навин нақши босазо мегузорад.
Чуноне ки Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи Султонӣ» фармудааст:
«Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад».
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест, Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Педагоги бузург Я. А. Коменский гуфтааст: «Ба омӯзгорон вазифаи олиқадр супорида шудааст, ки дар зери офтоб аз ин зиёде нест». Ё К. Д. Ушинский дар ин бора чунин навиштааст: «Кори омӯзгор зоҳиран хоксорона бошад ҳам — бузургтарин кор дар таърих аст».
Барои баланд бардоштани дараҷаи маҳорату маънавиёти омӯзгорон донишкадаҳои такмили ихтисос, пажӯишгоҳи илмҳои педагогӣ, коллеҷ ва донишгоҳҳои омӯзгорӣ кор мекунанд. Барои омӯзгорон дар ҷумҳурӣ маҷаллаи «Маърифат», ҳафтавораи «Омӯзгор», адабиёти илмии педагогӣ ва методӣ нашр карда мешавад.
ХУСУСИЯТҲОИ КАСБИ ОМӮЗГОРӢ
Омӯзгор алоқамандии ҷомеа бо насли наврасро таъмин менамояд. Ҷомеа мақсад ва вазифаҳои таълиму тарбияи ҷавононро муайян мекунад ва вазифаи ҳалли онро ба дасти омӯзгор бо боварии комил месупорад. Ҷараёни азхудкунии таҷрибаи ҷамъиятӣ аз тарафи ҷавонон дар зери роҳбарии омӯзгор амалӣ мегардад.
Омӯзгор ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва инкишофи маънавии онҳоро таъмин менамояд.
Омӯзгори имрӯза бояд дорои чунин хусусиятҳо бошад:
– содиқ будан ба давлат, ҷамъият, ба идеяҳои бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва дунявӣ;
– бояд ҳаматарафа маълумотнок бошад, ихтисоси худро пурра ва чуқур аз худ карда бошад. Маданияти баланди донишандӯзӣ дошта бошад;
– омӯзгори имрӯза бояд устоди касби худ бошад. Педагогика, психология ва услуби таълими фанни ихтисосро пурра донад ва тавоно бошад;
– нисбат ба бачагон меҳру муҳаббати беандоза дошта бошад ва ин эҳсосотро бо муҳаббат нисбат ба касби худ якҷоя намояд;
– омӯзгор одоби касбӣ дошта бошад.
Дигар хусусиятҳои зарурии омӯзгор инҳоанд: маҳорати дурусти баҳодиҳӣ; симои намунавии зоҳирӣ; ҷаҳонбинии васеъ; интизомнокӣ; худфаъолиятӣ; мутобиқати гуфтору рафтор; қавииродагӣ; мардонагӣ; зиндадилӣ; ростӣ; худдорӣ ва ғайраҳо.
Дар замони муосир омӯзгор бояд дар бораи иқтисодиёти бозоргонӣ маълумоти кофӣ дошта бошад. Бо васоитҳои техникии нави замонавӣ кор карда тавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё