Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Омӯзгор пайвандгари авлодон дар ҷомеа мебошад. Ӯ таҷрибаи ҷамъиятиро ба насли наврас дастрас менамояд. Мутобиқи вазифаҳои ҷамъият ҷараёни педагогиро ба роҳ мемонад ва идора мекунад.
Фаъолияти омӯзгор ба ояндаи ҳар як фард ва ҷомеа равона карда шудааст.
Яъне, ӯ имрӯз инкишофи моддиву маънавии ояндаи шаҳрвандон ва ҷомеаро таъмин менамояд. Ҷавононро ба ҳаёт, ба фаъолияти касбию амалӣ омода менамояд.
ИДОРАКУНАНДАИ ҶАРАЁНИ ТАШАККУЛИ ША ХСИЯТ
Омӯзгор ҷараёни аз ҳама мураккабтарин — инкишофи шахсиятро идора мекунад. Мураккабии ҷараён дар тағйирёбии олами маънавии ҷавонон мебошад. Чун дар урфият мегӯянд, дар назди мураккабии олами маънавии инсон мураккабии олам ҳеҷ аст. Ҳар як фард хусусиятҳои ба худ хосе дорад, ки такрорнашаванда аст.
Омӯзгор идоракунандаи таъсирҳои гуногуни мусбию манфӣ нисбат ба шахсияти насли наврас мебошад. Ба инкишофи кӯдакон омилҳои гуногун, аз ҷумла, муҳити зист таъсир мерасонад.
Омӯзгор идоракунандаи ҷараёнҳои тарбия, худтарбиякунӣ ва азнавтарбиякунӣ мебошад.
Масъулияти махсус. Омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мувофиқи қонунҳои педагогӣ амал намуда, нисбати сифати касбӣ ва вазифаҳои волояш худро дар назди халқу ватан масъул ҳис мекунад. Яке аз вазифаҳои умдаи онон «дар шароити давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шаҳрвандони сатҳи маърифаташон баланд, дорои тафаккури эҷодӣ, ҳамаҷониба рушдёфта ва соҳиби дониши амиқ, маҳорат малакаи касбӣ тайёр намудан, то ки онҳо бо ғояҳои сулҳдӯстӣ, инсонпарварӣ, адолати иҷтимоӣ, риояи арзишҳои аз тарафи умум эътирофшудаи инсонпарварӣ, ҳуқуқ ва қонунҳо фаро гирифта шудаанд» мебошад.
Дар хотир бояд дошт, ки натиҷаи кори омӯзгор имрӯз чӣ хел бошад — фардо ҷомеаи мо ҳамон хел мешавад. Аз ин лиҳоз, як донишманди мумтоз — даҳҳо одамони ҳамроз ва як омӯзгори варзида — садҳо шогирдони санҷидаро ба камол мерасонад, ки дар оянда барои Ватан — модар хизмати шоиста мекунанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (2013) чунин муқаррар намудааст:
– қобилияти зеҳнӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, ихтироъкории таълимгирандагонро муайян намуда, нисбат ба онҳо ғамхорӣ кунанд;
– барои рушди камолоти таълимгирандагон шароит фароҳам оваранд;
– таълимгирандагонро ба хондани китобҳои илмию бадеӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ташвиқ намуда, барои рушди ҷаҳонбинии онҳо тадбирҳо андешанд;
– услуби коргузорӣ ва истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникат­ сиониро омӯзанд ва таълимгирандагонро ба омӯзиши онҳо ташвиқ намоянд;
– таълимгирандагонро дар руҳияи эҳтироми падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбия кунанд;
– ҷалби таълимгирандагонро ба ташкилотҳои хонандагон ва донишҷӯён таъмин карда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расму ойин, муҳити зист ва риояи тарзи ҳаёти солим тарбия намоянд.
Омӯзгор нисбат ба тарбияи солими насли наврас шахси масъул ва дар назди ҷамъият ҷавобгар аст. Ӯ наслеро тарбия мекунад, ки мувофиқи талаботи давру замон маънан бой, донишманд, нерӯманд, меҳнатдӯст, ватандӯст, инсонпарвар бошад.

пешина
аз 142
навбатӣ