Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бо ҳар як хонанда муносибати самимӣ барқарор созед, бо боварӣ ва самимият нисбат ба худатон боварӣ ва самимияти вайро ба даст оред;
– ҳамроҳи онҳо хандед, шодмонӣ кунед ва бозӣ намоед;
– бо хонандагон ором, оҳиста ва нарму форам гап занед;
– агар дар хонанда ягон рафтори беҷо дидед, кинояомез гӯед, ки ман аз ту инро интизор набудам, ман дар бораи ту тасаввуроти хуб доштам;
– ба машғулиятҳои хонанда (мураттаб сохтани чизҳои гуногун) таваҷҷуҳ кунед, дар корҳояшон ширкат варзида, ҳамроҳӣ кунед;
– ҳангоме, ки аз тарафи ягон хонанда рафтори хуб зоҳир шуд, шодмонӣ кунед, ба ӯ офарин гӯед;
– фаъолияти эҷодии бачаҳоро қадр кунед, мадад расонед, ки онҳо саҳначаҳо ташкил намоянд, онро ба намоиш гузоранд, онро ороиш диҳанд, дар назди волидон ва хонандагон шеърҳо хонанд, нақшҳо иҷро кунанд ва ғайраҳо;
– ба хонандагон ёрӣ расонед, ки ҳикоя, афсона, шеъру таронаҳои худро нависанд, онҳоро дар назди аҳли синф хонед, ба онҳо баҳо диҳед;
– агар бо ягон сабаб ба саволи ӯ ҷавоб дода натавонед, узр хоҳед, рӯирост сабабашро гӯед, ваъда диҳед, ки пас аз якчанд рӯз ба савол ҷавоб медиҳам ва ваъдаатонро фаромӯш накунед;
– волидонро ба мактаб ҷалб намоед, ба онҳо фаҳмонед, ки ба маҳфилҳо роҳбар бошанд, дар мактаб навбатдор шаванд, бо бачаҳо мулоқот намоянд;
– оид ба рафтору кирдори хуби бачаҳо, раванди таҳсили онҳо ба волидон мактубҳо хабар диҳед;
– ба волидон гӯед, ки ба дарсҳо иштирок намоянд;
– хонандагонро бо нақшаи дарс, бо мазмуни машқу супоришҳо шинос кунед, хоҳишу тавсия ва дархостҳои онҳоро ба инобат гиред;
– хонандагонро даъват кунед, ки дар бораи дарсҳо, усулҳои супоришҳо фикру андешаашонро иброз доранд;
– ба хонандагон ёд диҳед, ки саволҳо ба миён гузоранд, баҳсу мунозираҳо кунанд, ақидаашонро баён созанд;
– бо хонандагон баҳсу мунозира кунед, бигзоред, ки онҳо фикри шуморо рад намоянд, хатоятонро гӯянд, ақидаи онҳоро бодиққат шунавед ва ба онҳо ташаккур гӯед;
– ба хонандагон таълим диҳед, ки ҳангоми баҳсу мунозира одобро риоя намоянд;
– бигузоред, хонандагон фикри шахсиашонро гӯянд;
– бачаҳоеро, ки фикр мекунанд, андеша менамоянд, ҳавасманд гардонед;
– чӣ тавр фикр кардан, чӣ тавр усули ҳалли масъаларо ёфтан, чӣ тавр муҳокима намудан ва баҳо доданро ба бачаҳо омӯзед;
– ба онҳо тавсия кунед, ки дар бораи худашон, муносибаташон бо одамони атроф ва муносибати одамон бо онҳо ба таври хаттӣ гузориш диҳанд;
– худатон ҳамроҳи хонандагон иншо, кори контролӣ нависед, сипас натиҷаи коратонро ба онҳо нишон диҳед, бигузоред, ки ақидаи хешро ифода намоянд;
– ба хонандагон гӯед, ки худашон хатоҳоро ислоҳ бинмоянд; Муҳимтарин вазифа аз он иборат аст, ки хонанда дар давраи таҳсил дар мактаб қадру эътибори худро донад, ба худ, ба дониши худ, ба қобилият ва имконияти худ боварӣ дошта бошад ва танҳо тавассути некӣ ба ин мақсад метавон ноил гардид, зеро некӣ тавлид месозад. Некӣ аз сифатҳои инсондӯстию некбинии омӯзгор бармеояд, зеро омӯзгоре, ки инсондӯст аст, вай некбину некхоҳ ва самимӣ шуда метавонад. Дар раванди педагогӣ гуманизм (инсондӯстӣ) рӯ ба кӯдак овардани мактаб, эҳтироми шахсият ва қадру эътибори ӯ, боварӣ кардан ба ӯ, қабули мақсадҳои шахсӣ, дархосту манфиатҳои ӯст. Ин муҳайё сохтани шароити мусоид аст, ки ҷиҳати рушди қобилияти ӯст, ин имкон медиҳад, ки мактаббачаро ба ҳаёти оянда омода созад ва ҳамзамон дар ҳар давраи синнусол: бачагӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ зиндагии боарзиши вайро таъмин намояд.

пешина
аз 142
навбатӣ