МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан- Дар зинаи ибтидоии таҳсилот хонанда бояд дорои кадом салоҳиятҳо шавад?
1.15. Стандартҳои фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
• Стандарти таҳсилоти ибтидоиро меомӯзад ва зарурияти татбиқи онро маънидод менамоянд.
• Вазифаҳои омӯзгорро дар татбиқи стандарти таҳсилоти ибтидоӣ муайян карда метавонанд.
• Мафҳумҳои асосии стандарти таҳсилоти ибтидоиро шарҳ медиҳанд ва истифода карда метавонанд.
• Сохтор ва зинаҳои мактабро шарҳ медиҳанд.
Нақша:
• Аҳамияти стандарт ва барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ.
• Мафҳумҳои асосии стандартҳои фаннии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ.
• Масъулияти омӯзгор дар татбиқи стандарти таҳсилот.
Стандартҳои фанҳои таълимӣ — ҳуҷҷатест, ки мақсад, вазифа, сохтор, мазмуни асосии таҳсилоти фанни алоҳидаи таълимӣ ва ҳаҷми сарбории таълимии ҳатмии барои омӯзиши он ҷудошуда, ҳамчунин маҷмуи талаботро ба ҳадди ҳатмии (ақали) сатҳи омодагии хонандагон дар ҳар як зинаи таҳсилоти умумӣ муайян менамояд.
Стандартҳои фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ (синфҳои 1–4) (Душанбе, 2016) бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.
Стандарти мазкур дар асоси салоҳият таҳия шуда, талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи умумиро ба эътибор мегирад.
Стандарти фанҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ мазмуну мундариҷа, салоҳиятҳо, нишондиҳандаҳои салоҳиятнокӣ ва воситаҳои арзёбиро муайян мекунад. Бо татбиқи низоми нави таълим натиҷаҳои таълимии хонанда (салоҳиятнокии ӯ) мақсади асосии санҷишу назорати сифати таҳсилот мегардад.
Нишон додани робитаҳои байнифаннӣ дар стандарт ба ҳамгироии фанҳо, пешгирии парокандагии фанҳо ва сарбории аз ҳад зиёди хонандагон мусоидат мекунад.
Дар натиҷаи аз худ намудани мазмуни фаннии таҳсилоти ибтидоии умумӣ хонандагон малакаҳои нави таълимӣ, маҳорату малакаҳо пайдо намуда, роҳҳои нави фаъолиятро аз худ мекунанд.
Фаъолияти маърифатӣ. Хонанда бояд объектҳои олами атрофро мушоҳида карда тавонад: объекти мушоҳидашударо тавсиф кунад ва тағйироте, ки дар он ба амал меояд, маълумот ва тавсиф диҳад. Илова бар ин, ӯ бояд ду ашёро муқоиса карда, шабоҳат ва фарқиятро муайян карда, инчунин ашёҳоро аз рӯи аломати умумӣ якҷоя карда, ҷузъро аз кулл фарқ карда тавонад.
Хонанда хурсол бояд бо соддатарин асбобҳои ченкунӣ андозагирӣ карда тавонад ва ин ченакҳоро барои сохтани муносибатҳои миқдорӣ ва ҳалли мушкилот истифода барад. Инчунин, ӯ бояд малакаҳои тартиб додани масъалаҳои эҷодӣ, нақшаи ягон амал ва бозӣ кардани ҳолатҳои хаёлиро дошта бошад.
Фаъолияти нутқ ва кор бо иттилоот. Ин намуди фаъолият бо матнҳои таълимӣ, бадеӣ ва илмии оммавӣ: хониши бошуурона бо овози баланд, муайян кардани мавзуъ ва ғояи асосии матнро дар бар мегирад. Хонанда бояд изҳорот ё андешаи худро ҳам дар шакли содда ва ҳам мураккаб баён карда тавонад.
Хонанда бояд малакаҳои кор бо иттилоот ва бо ин мақсадҳо истифода бурдани компютерро аз худ намояд. Вай бояд қодир бошад, ки тасвири нақшаи модели муайянро созад ва инчунин маълумотро мувофиқи ин меъёр тартиб диҳад.
Фаъолияти ташкилӣ. Хонанда бояд малакаҳои иҷрои соддатарин алгоритмҳоро дошта бошад, пайдарпайии амалҳоро барои ҳалли масъалаҳои таълимӣ ва амалӣ мустақилона муайян кунад. Ғайр аз ин, вай бояд ба натиҷаҳои фаъолияти худ баҳо диҳад, душвориҳои ба амаломадаро муайян ва тавсиф кунад ва роҳҳои бартараф намудани онҳоро мустақилона ҷустуҷӯ намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё