Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Худтарбиякунӣ бояд мақсади ҳаётии ҳар як шахсият бошад.
Худтарбиякунии касбии донишҷӯён ба худинкишофдиҳии мутахассисони оянда равона карда мешавад. Дар шароити гузариш тайёр намудани мутахассисони баландихтисос муаммои мубрами таълиму тарбия дар мактаби олӣ мебошад.
Бояд ҳар як донишҷӯ сифатҳои беҳтарини касби омӯзгориро дар худ ташаккул диҳад, донишу маҳорат ва малакаро аз худ кунад, яъне бо худтарбиякунии касбӣ машғул бошад.
Омӯзгори оянда дар худ идеали умумиинсониро ташаккул диҳад.
Ҳар як инсон имкониятҳои басо зиёди захиравии ботинӣ дорад, ки ба ҳаракат овардани онҳо вазифаи асосии шахсият мебошад.
Худомӯзии касбӣ — кори бошуурона аз болои такмил додани шахсияти худ ҳамчун мутахассис, яъне мутобиқгардонии хусусиятҳои фардии худ ба талаботҳои фаъолияти педагогӣ, мунтазам баланд бардоштани салоҳиятнокии касбӣ, такмили хосиятҳои ғоявӣ — ахлоқӣ ва иҷтимоии шахсияти худ.
Худмушоҳидакунӣ — мушоҳидакунии шахсият, олами ботинии психикии худ ва қайди он мебошад. Дар ҷараёни иҷрои ҳаракатҳои муайян ба он тағйиротҳо дохил карда мешавад.
Худтаҳлилкунӣ — таҳлили гуфтор ва кирдори худ бо ҷавобдиҳӣ ба саволҳои зерин: барои чӣ ман ин тавр гуфта ва карда истодаам?, барои чӣ ман муносибати мазкурро идома диҳам ва ё дигар кунам? Агар каме дигар хел гӯям ва кунам чӣ мешуд?
Ва ғайраҳо.
Худбаҳодиҳӣ — баҳодиҳии шахсият ба худ, ба имкониятҳо, сифатҳо ва мавқеи худ дар байни дигар одамон.
Усулҳои худдорӣ: а) худбоваркунӣ; б) худтанқидкунӣ; в) худмаҷбуркунӣ; г) худназораткунӣ; д) худфармондиҳӣ; е) худталқинкунӣ.
Усулҳои худдаъваткунӣ: а) худруҳбаландкунӣ; б) худрағбаткунӣ; в) худҷазодиҳӣ.

  1. Ҷалб намудани идеали худ ва фаъолнокии эҳсосию иродавии худ ба худтарбия­ кунӣ.
  2. Худназораткунии хотимавӣ.
  3. Ташаккули дараҷаи нави худбаҳодиҳии комилан мувофиқ.
    Худтарбиякунии ақлӣ аз худомӯзӣ сар мешавад. Худомӯзӣ — ҷустуҷӯи фардии дониш, маҳорат ва малакаҳо, азхудкунии таҷрибаи зарурӣ, ташаккули ҷаҳонбинии шахсӣ мебошад.
    Барои донишҷӯён барномаи тахминии худомӯзии зеринро тавсия кардан мумкин аст:
        1. Мустақилона дар назди худ вазифаи баланд бардоштани коэффисенти ҳаракати фоиданоки таҳсили худро муайян кунед. Ғамхории таҳсилро ба дасти худ гиред.
          Муайян кунед, ки барои Шумо дар ҳаёти мустақилона кадом сифатҳои шахсӣ зарур мешавад ва кадоме аз онҳоро дар давоми таҳсил ташаккул додан мумкин аст.
          Хусусиятҳои фардии худро дар иҷрои корҳои таълимӣ таҳлил намоед.
          Нақшаи худтарбиякунии фикрӣ ва худомӯзиро муайян кунед.
  4. Дар машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва корҳои мустақилона маҳсулнок кор кунед, ягон лаҳзаи машғулиятҳоро беҳуда нагузоред. Дар машғулият чӣ қадар бисёр кор кунед, дар ташкили кори мустақилона кори шумо ҳамон қадар осон мешавад.
  5. Роҳ ва усулҳои коркарди маводи таълимӣ ва тасниф кардани онро аз худ намоед.
      1. Роҳ ва усулҳои бахотиргириро аз худ кунед.
        Истифодаи роҳ ва усулҳои худназораткуниро ёд гиред.
        Сифатҳои дигари маданияти меҳнати ақлиро дар худ ташаккул диҳед ва машқ кунед.
  6. Мунтазам аз худтафтишкунӣ истифода баред.
  7. Аз рӯи фанҳои таълимӣ рӯйхати сарчашмаҳои иловагиро мураттаб созед.
пешина
аз 142
навбатӣ