Зеҳн
МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш­ ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас­ бии самти омӯзгорӣ.

Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа

МаорифТаҳсилот
Аз аввал хондан

Я. А. Коменский
«Омӯзгор, то даме, ки зинда аст, мехонад, ҳамин, ки аз хондан бозмонд, симои омӯзгориаш низ барҳам мехӯрад».
«Кори омӯзгор зоҳиран хоксорона бошад ҳам — бузургтарин кор дар таърих аст».
К. Д. Ушинский
«Омӯзгор бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти сангини худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Омӯзгор метавонад шахсони шоиста тарбия намояд, ӯ қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро некӯ гардонад. Ҳеҷ ибодате беҳтар аз омӯзгорӣ нест».
Ҳусейн Мазоирӣ
САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Гуфтаҳои олимону мутафаккиронро оид ба касби омӯзгорӣ аз худ намоед ва мазмуни онро шарҳ диҳед.
    1. Барои чӣ омӯзгорро пайвандгари наслҳо мегӯянд?
      Доир ба масъалаи «Мавқеи омӯзгор дар давраҳои гуногуни таърихӣ» мулоҳизаронӣ намуда, андешаи худро баён намоед.
      1.3. Ташаккули шахсияти омӯзгор Дар натиҷаи машғулият донишҷӯён:
      • Омилҳои муайянкунандаи мақоми омӯзгорро дар ҷомеа медонанд ва эътироф мекунанд.
      • Вобастагии сифатҳои шахсии омӯзгор ва хусусиятҳои касби омӯзгориро маънидод карда метавонанд.
      • Талаботҳои давлату ҷомеаро нисбати омӯзгор медонанд ва онро риоя мекунанд.
      • Хусусиятҳои фаъолияти педагогиро медонанд ва дар худ талқин мекунанд.
      Нақша:
      • Нақши омӯзгор дар ташаккули шахсияти хонандагон.
      • Омӯзгор шахсияти фаъол ва эҷодкор.
      НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР ТАШАККУЛИ ША ХСИЯТИ ХОНАНДАГОН
      Симои омӯзгори идеалиро чунин тасаввур кардан мумкин аст: боадолат ва бовиҷдон будан дар назди хонандагон, ҳамкасбон ва худ, ҳолати одамони дигарро эҳсос намудан, ба танзим даровардани муносибат бо ҳар як хонанда, қобилияти ошкор намудани ҷиддият ва нозукии вобаста ба вазъият, маҳорати саволгузорӣ, нишон додани салоҳияти худ дар фанне, ки таълим медиҳад, аниқ муайян намудани тартиби санҷиши дониши хонанда, аммо дар баробари ин намоиш додани хоҳиши кумак намудан ба хонанда, дӯст доштан ва маҳорати ташкили озмоишҳо, шакл ва усулҳои нави кориро ҷустуҷӯй кардан, ба ӯ хос будани фаҳмондани ҷиҳатҳои мусбии худ, хонанда ва ҳамкасбон.
      Омӯзгор, пеш аз ҳама, афрӯзандаи ҷароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро омӯзгорон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, вазифаи асосии омӯзгор, дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин таълими одоб ва ҳидояту раҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти омӯзгор табдил ёбад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки фармудаанд: «Омӯзгор дар раванди таълиму тарбия ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст». Яъне омӯзгор дар раванди таълиму тарбия баробари падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд нақши асосӣ дорад ва ҳамчун раҳнамои маънавӣ барои ба камол расонидани насли шоистаи миллат, масъул аст.
      Вобаста ба таҳлил ва дурнамои вазъи омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон бошад, метавон қайд намуд, ки имрӯз фаъолияти касби омӯзгорӣ дар даврони гузариши низоми маорифи кишвар ва раванди мутобиқгардонии он ба стандартҳои ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ аст, ки ҳолати мазкур аз шахсияти омӯзгор фаъолияти бештари касбӣ ва садоқату самимиятро талаб менамояд.
пешина
аз 142
навбатӣ