МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
ПАЙДОИШИ ПЕДАГОГИКА ҲАМЧУН ИЛМ, ФАН ВА ВАЗИФАҲОИ ПЕДАГОГИКА
Педагогика номи худро аз калимаи юнонии «пайдагогос» («пайда» — атфол, кудак ва «гогос» — роҳнамо, баранда) гирифта, якҷоя маънои «роҳнамои атфол»ро ифода мекунад. Дар Юнони қадим ғуломонеро, ки аз дасти кӯдакони хӯҷаинҳои худ дошта ба мактаб мебурданд ва он ғуломоне, ки ба кудакон савод, шиноварӣ, аспсаворӣ, шамшерзанӣ, гуштингирӣ ва ғайраҳоро меомузониданд, низ «пайдагогос» меномиданд.
Бо мурури замон калимаи «пайдагогос» ба маънои васеи умумибашарӣ баҳри ифода кардани санъати тарбия, таълим ва майл додани инкишофи руҳӣ ва ҷисмонии насли наврас истифодаи «педагогика — роҳнамои ҳаётии атфол»-ро гирифтааст.
Онҳоеро, ки ба кори тарбия ва таълим шуғл меварзанд, низ педагог меномидагӣ шуданд.
Дар натиҷаи таҷрибаҳои ҷамъшудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолии ҷомеа, бо талаботи ногузири зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи илм дар дохили илми фалсафа арзи вуҷуд кард. Сипас педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои карни XVII аз фалсафа ҷудо шуд. Яъне педагогика ҳамчун фанни махсуси тарбия ва таълими кудакон ном гирифт.
Ин гуна фаҳмиши педагогика то нимаи асри XX арзи вуҷуд кард. Фақат дар даҳсолаҳои охир дар рушди ихтисоси педагогӣ нафақат кудакон, ҳамчунин калонсолон низ муҳтоҷ дониста шуданд. Зеро дар шароити кунунӣ шароите нест, ки нисбати тарбияи солими одамон бетараф бошанд. Тарбияи шахсият — ҷавҳари инсонӣ, беҳбудии ҷомеа аст.
Аз ин лиҳоз, фанни педагогика ба чунин таъриф молик шуд: педагогика илмест барои тарбияи инсон.
Чунин маънидод барои он мантиқан мусоидат мекунад, ки тарбияи инсон аз рӯзи ба дунё омадани вай то дами вопасин идома меёбад.
Тарбия аз пайдоиши ҷамъияти инсонӣ сарчашма гирифта, то имрӯз хеле ривоҷу равнақ ёфта омадааст. Дар асоси маҷмуи таҷрибаҳои ғуншудаи зиндагӣ ва инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ бо талаботи зарурии зиндагӣ назарияи донишҳои тарбия — илми педагогика кор карда шуд. Аввалҳо ин соҳаи дониш дар дохили илми фалсафа вуҷуд дошт. Сониян педагогика ҳамчун фанни алоҳида ва мустақил аз ибтидои қарни XVI аз фалсафа ҷудо шуд, ки дар ин бобат хидмати педагоги чех Ян Амос Коменский (1592–1670) басо калон аст.
Педагогика ҳамчун илм нисбатан нав аст, аммо манбаи он ибтидои донишҳои педагогӣ, ки таърихи дурудароз дорад. Педагогика ҳамчун илм дар бораи тарбияи инсон ба вуҷуд омада инкишоф ёфтааст.
Дар ибтидои ба вуҷуд омадани ҷамъияти инсонӣ одамон маҳсулоти тайёри табиатро аз худ мекарданд. Дар рафти ба даст овардани воситаҳои мавҷудот бачагон ҳам барвақт иштирок мекарданд. Тараққиёти чорводорӣ, зироаткорӣ, ҳунарҳои гуногун ба васеъшавии таҷрибаи меҳнатии одамон бурда расонд. Фаъолияти меҳнатӣ минбаъд мураккаб шуда, ба ташаккулёбии одамон, ба инкишофи ҷамъият мақоми муҳим бозид. Меҳнат тарбияро талаб кард. Аввалин маҳоратҳое, ки инсон дар ҷараёни меҳнат аз худ мекард, ба наслҳои нав дода мешуданд. Ба андозаи мураккаб шудани фаъолияти меҳнатӣ, ҷамъ шудани таҷрибаи меҳнатӣ ва баъд дониш дар бораи ҳаёти ҷомеа худи тарбия ҳам тағйир меёбад. Дар давраҳои аввали ҳаёти ҷамъиятӣ одамони калонсол бачагонро дар меҳнат тарбия кунанд, баъдтар баробари тараққиёти ҷамъият чунин роҳи додани дониш ва таҷриба ба талаботи ҳаёт ҷавоб дода натавонист. Бинобар он ба тарбиядиҳӣ шахсони донишманду таҷрибанок машғул шуданд машғулиятҳо шакли муташаккилона гирифт, ҳамин тавр мактабҳо пайдо шуданд.
Ба андозаи такмил ёфтани тарбия, хусусан баробари пайдоиши мактаб фаъолияти тарбиядиҳӣ, шакли махсуси фаъолияти касбӣ шуд. Касби махсус-педагог-омӯзгор пайдо шуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё