МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Педагоги бузурги рус К. Д. Ушинский дар солҳои 60‑и асри XIX навишта буд, ки мо китоби Коменский «orais pictus» (яъне «Олами ашёҳои ба воситаи суратхо эҳсосшаванда)-ро ибтидои назарияи педагогӣ ва бо ба назар гирифтани хусусиятҳои синнусолии бачагон дар асос ёфтани илми педагогика ҳисоб карда метавонем.
Аз нимаи дуюми асри XIX сар карда аҳамияти ақидаҳои Коменский дар байни педагогҳои давлатҳои мутараққӣ торафт равшан шудан мегирад.
Асари «Дидактикаи бузург»-и педагоги бузурги чех Ян Амос Коменский аз муқаддима, ки он аз якчанд қисматҳо иборат мебошад, оғоз меёбад.
Якум, дар бораи аҳамияти дидактика сухан меравад, дуюмаш ба хонандаҳои асар бахшида шудааст, сеюм муроҷиат ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои идоракунӣ мебошанд: ҳокимони давлат, ректорони мактабҳо, волидон ва парасторони бачагон.
Коменский асари худро ба 33 боб ҷудо менамояд. Аз бобҳои номбурда якчанд ақидаҳои асосии Коменскийро овардан мумкин аст.
Омӯзиши инсон мисли тарбияи он мураккаб буда, раванди дуру дарозро фаро мегирад.
Шуурона аз худ намудани мавзуъ, қоида ва қонунҳо аҳамияти калони таълимӣ дорад, агар бача қоидаро нафаҳмида аз ёд кунад, онро дар амал татбиқ карда наметавонад.
Фаъолияти фикр фаъолияти маърифатӣ буда, дар шаклҳои гуногуни амалиёти инсон зоҳир мегардад, масалан дар тасаввурот, дар ҳиссиёт дар амалиёт ва ғайра.
Бобҳои 7,8,9,10 ба принсипҳои умумии таълим бахшида шудаанд.
Дидактика пеш аз ҳама кӯшиш мекунад, ки қонунҳои воқеиро кашф намояд, ки алоқаи асосӣ ва зарурии байни ҳодиса ва омилҳои омӯзиш инъикос ёфта бошад.
Ин қонунҳо ба омӯзгорон фаҳмиши умумии ҳодисаҳои воқеии инкишофи раванди дидактикӣ медиҳанд. Вале онҳо бевосита барои фаъолияти амалӣ нестанд, фақат асоси назариявии коркард ва такмилоти технологии он мебошанд.
Принсипҳои дидактикӣ — ин қоидаҳои асосие, ки мазмун, шаклҳои ташкилкунӣ ва методҳои раванди омӯзишро дар асоси мақсади муайяни умумӣ ва қонунияти он муайян мегардонад. Принсипҳои омӯзиш ҳамчун категорияи дидактикӣ баромад карда, хусусияти ба мақсади муайянкардашуда истифодабарии қонунҳоро дорад.
Дар таҷриба чи гуна моҳият доштани қоидаҳои Я. А. Коменскийро дида мебароем.
Қоида аз ҷониби омӯзгор дода мешавад, дар ин ё он вазъият иҷро кардани амалиёт, муайян намудани мавқеи он, ба талаботи муайян риоя кардан, вале ин чӣ тавр карда мешавад, комилан аз омӯзгор вобаста аст.
Чунончи, хонанда ба дарс дер карда омад. Дар чунин вазъият фармони омӯзгор нисбати таъсиррасонӣ бояд дода шавад, зеро ягон қоидавайронкунӣ аз эътибори ӯ соқит нагардад. Вале омӯзгор ба чунин вайронкунии қоида чӣ тавр эътибор медиҳад — ин пурра аз вазъияти муайян вобаста аст, шахсияти хонанда, хусусияти дермонӣ ва дигар сабабҳои зиёд.
Қоида аз принсипҳои омӯзиш ҷорӣ мегардад. Принсипҳо аз қоидаҳои омӯзиш ба амал меоянд. Аммо қоидаҳо на худ аз худ аз принсипҳо сар мезананд, балки аз ҷамъбасти амалии бисёр наслҳои омӯзгорон ба миён меоянд. Таҷрибаи амалии омӯзиш бештар дар қоидаҳо мустаҳкам мегарданд. Қоидаҳои навишта ва нонавишта хеле зиёданд, аз онҳо чандин ҷилд китоб навиштан мумкин аст. Одатан қоида шакли маслиҳат — ёдоварии омӯзгорро дорад, чӣ бояд кард барои имконияти пурра иҷро кардани талаботи принсип. Ҷавоб ба савол, чӣ тавр амал кардан, онҳо қариб вуҷуд надоранд. Ин ба хусусияти эҷодӣ вобаста аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё