МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Педагогика чун фанни мустақил бо дигар фанҳо дар се равия ҳамкорӣ менамояд:
– ҷиҳатҳои алоҳидаи як объект (шахсияти тарбиягиранда)-ро дар ҳамкорӣ бо дигар фанҳо тадқиқ мекунад;
– аз натиҷаи тадқиқотҳои ҳамдигари фанҳо истифода мебарад;
– аз роҳ ва усулҳои методҳои тадқиқотии ҳамдигарро истифода мебарад.
Ҳамин тавр, ғояҳои илмҳои дигар, ки мансуб ба одамият доранд, ба педагогика имконият медиҳанд, ки қонунияти тарбияро амиқ ва аз ҳар ҷиҳат тадқиқ бинмоянд.
Нисбати ин масъала К. Д. Ушинский дар пешгуфтори ҷилди аввали «Антропологияи педагогӣ» чунин оварда буд: «Агар педагогика одамро аз ҳар ҷиҳат тарбия кардан хоҳад, он бояд пеш аз ҳама ӯро низ аз ҳар ҷиҳат донад». Бо ин вай барои амиқ омӯхтан ба педагогика зарурати донистани ҳамаи маълумотҳои илми антропологиро (ташаккул ва инкишофи биологии инсонро) тавсия додааст.
Ҳамчунин педагогика ҳам ба инкишофи илмҳои номбурда таъсири худро мерасонад.
РОБИТАИ ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛИИ ХАЛҚИ ТОҶИК БО ДИГАР ФАНҲО
Инсон мавҷудоти зиндаи табиат ҷонзоди мураккаб ва арзишмандест, ки дигар ҷузъи табиатро бо вай таққос кардан намебояд. Бинобар он тарбия, таълим ва ташаккули инсонро илмҳои гуногун, аз қабили равоншиносӣ (психология), антропологияи педагогӣ, философия, фарҳангшиносӣ (культурология), таърих, кибернетика, теология, дидактикаи хусусӣ, анатомия, физиология ва ғайра ба уҳда доранд, ки қофиясолори ҳамаи онҳо педагогика мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои педагогикаро бе алоқаманд бо ин фанҳо ва дархости ҷомеаи навин дуруст ва мақсаднок ҳал кардан аз имкон берун аст.
Психологияи педагогӣ раванди омӯхтани донишҳо, ташаккулёбии маҳорат ва малакаҳо, душвориҳои сади роҳи хонандагон мешудагиро таҳқиқ карда, робитаи фанҳоро дар инкишофи умумии бачаҳо муайян мекунад.
Таҳқиқотҳои психологӣ дар интихоби маводи таълим, пайдарҳамии мавод дар ҳар синф, ҷобаҷогузории мавзуъҳои алоҳида, истифода кардани восита ва тарзҳои умумии самаранок ба дидактика ёрӣ мерасонанд. Дидактика нишондодҳои психологияро истифода карда, вобаста ба синну соли хонандагон муносибати фардӣ карданро тавсиф менамояд. Ин корро омӯзгор ҳамон вақт дуруст ба ҷо оварда метавонад, ки агар хусусиятҳои тараққиёти психологии бачаҳоро омӯзад ва донад.
Алоқаи мустаҳками педагогикаро бо психологияи таълимӣ ба назар гирифта, дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла Чехословакия ва ШМА онро ба гурӯҳи илмҳои психология дохил мекунанд.
Шуурона аз худ намудани мавзуъ, қоида ва қонунҳо аҳамияти калони таълимӣ дорад: агар бача қоидаро нафаҳмида аз ёд кунад, онро дар амал татбиқ карда наметавонад.
Шуурона аз худ намудани мавод мустаҳкамии онро истисно намекунад: шуурона ва мустаҳкам будани дониш якдигарро ҳамеша пурра мекунанд, бо ҳам алоқаманданд. Мустаҳкамии дониш, маҳорат ва малакаҳо такрори пай дар пайи мавҷнокро талаб мекунад, ки он асосан бо роҳи бештар гузаронидани машқҳо ба амал бароварда мешавад.
Дониши ҳақиқӣ ва малакаи шуурона танҳо дар раванди фаъолона аз худ кардани маводи таълимӣ ба даст меояд. Фаъолнокӣ аз хонандагон нисбат ба маводи омӯхташаванда ва супоришҳои омӯзгору китоб диққатнокиро талаб мекунад: дар ин маврид ақл, фикр, ирода ва характер ҳамааш ба кор банд мешаванд. Ба маъно диққат додан, аз ёд намудани чизҳои зарурӣ, фаъолнокии раванди фикр, нисбат ба кор муносибати шуурона кардан, аз даст надодани ирода ҳамаи ин мафҳуми «фаъолнокии бачагонро дар раванди таълим» ташкил мекунад. Фаъолнокӣ дар бачагон мустақилиро мепарварад. Мустақилона фаъолнокӣ дар таълим, агар гуфтан ҷоиз бошад, ҳаммаъноянд. Ҷиҳати муҳими ҳар як кори мустақилона дар он аст, ки раванди таълиму тарбия самаранок гардад, фикри бачаҳо инкишоф ёбад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё