МУҚАДДИМАИ ИХТИСОСИ ПЕДАГОГӢ

Муқаддимаи ихтисоси педагогӣ, дастури таълимӣ-методӣ барои омӯзгорон ва дониш ҷӯёни ихтисоси «Таҳсилоти ибтидоӣ»-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кас бии самти омӯзгорӣ.
Агенти Зеҳнӣ · 25 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Озмоиши лабораторӣ дар шароити ғайритабиӣ (одатан тавассути таҷҳизотҳои махсус) гузаронида мешавад. Ҳангоми Озмоиши лабораторӣ таъсироти зоҳирӣ ва ҷавоби реаксияи тадқиқшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад. Озмоиши лабораторӣ ва табиӣ бо ҳам вобастагӣ доранд.
Методҳои тадқиқотҳои назариявӣ. Бо методҳои тадқиқоти назариявӣ таҳлили муқоисавию таърихӣ, бо мафҳум, мушаххас ва тарҳрезӣ дохил мешаванд. Одатан ин методҳоро дар мавридҳои муайян бо алоқамандии ҳамдигар истифода мебаранд.
Хусусан донишҷӯён мавриди навиштани кори дипломӣ бештар истифода мекунанд.
Таҳлили муқоисавию таърихӣ барои ҳамаҷониба ва амиқ омӯхтани ҳодисаҳои педагогӣ, тартиб додани лоиҳаи мушаххаси чорабиниҳои такмилдиҳии раванди таълим ва тарбия дар ҳалли муаммоҳои рӯйдода ба методҳои пешқадам такя намуда, пешгирӣ кардани хато ва камбудиҳо имконият медиҳад.
Лаҳзаи аз мафҳум ба мушаххас такякунӣ нисбати тадқиқоти томи раванди педагогӣ ба чунин марҳиллаҳо эътибор додан шарт аст:
– пурра тасвир кардани таркиби раванди педагогӣ, қисмҳои асосии он- мақсад, мазмун, фаъолити амалӣ, ҳавасмандонӣ, танзими назорат, баҳогузории аналитикӣ, инчуни тасвири томи шарту шароити амалкунӣ: таълими моддӣ, ҳифзӣ, ахлоқӣ-психологӣ, эстетикӣ ва ғайра;
– тасвири намудҳои имконпазири робитаи байни қисмҳои раванди таълимӣ, пеш аз ҳама сабабҳои тафтишӣ;
– тасвири пурраи таркиби шахсият ва таркиби фаъолияти педагогҳо ва тарбиягирандагон;
– ба қадри имкон пурра тасвиркардани ҳамкории педагогҳо ва тарбиягирандагон;
– дида баромадани алоқамандии равандҳои педагогӣ ба таъсири беруна, ки тарбиягиранда тавассути ахбороти оммавӣ, муҳити атроф ва ғайра расонда мешаванд;
– муайян кардани ин ё он алоқамандии қонунӣ, то ки минбаъда онҳоро лаҳзаи тартиб додани лоиҳаи раванди педагогӣ ба ҳисоб гиранд.
Судмандона истифодабарии методҳои назариявии ҷустуҷӯи методи тарҳсозиро тақвият медиҳад. Тарҳсозӣ раванди омӯхташавандаро аз ҷиҳати аёнию образнокӣ.
Чунончи, ба намуди тарҳ, нақша, тавсифи шифоҳии мухтасар, тасвир, баёни раванди омӯхташавандаро муайян мекунад. Дар баъзе мавридҳо лаҳзаи тарҳсозӣ падидаҳои педагогӣ ба намуди формулаҳои математикӣ, қолиб, рамз ва ғайра тасвир меёбанд.
Дар тарҳҳо алоқаманди мактаб, оила, ҷамъият, воситаҳои ахбори оммавӣ ва дигар манбаъҳои таъсиррасони тарбияи хонандагон дуруст инъикос меёбад. Бо кумаки тарҳҳо намудҳои гуногуни таълим, хелҳои гуногуни дарс мукаммалонида мешавад.
ОМӮХТАНИ ҲУҶҶАТҲОИ МАКТАБӢ ВА МАҲСУЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХОНАНДАГОН
Дар байни тадқиқоти падидаҳои педагогӣ омӯхтани ҳуҷҷатҳои мактабӣ:
рӯзномаи синф, санадҳои шахсӣ, варақаи азхудкунӣ, табелҳои пешрафт, рӯзномаҳо; маҳсули фаъолияти хонандагон: дафтарҳои кори хонагӣ, корҳои контролӣ ва ғайраҳо барои тадқиқотчӣ маводи зиёд медиҳанд. Аз ин санадҳо ба ҳазмкунии маводи таълимӣ, давомот, завқу шавқи хондан доштан ва ё надоштани хонандагон равшан муайян кардан мумкин аст. Пас аз муайян кардани камбудиҳои ҷойдошта ба таҷрибаҳои пешқадам такя намуда, роҳҳои бартараф кардани онҳоро бояд пеш гирифт.
Методҳои сотсиологии тадқиқот. Баъзан зарурати ину он масъаларо оммавӣ таҳқиқу тадбиқ кардан пайдо мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё