Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданҲам падар, ҳам модари бекори ту
Чашм баста дар раҳи бозори ту.
Мисли ту, сайёҳи хурди номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод.
Мешунидам аз падар шабҳои тор
Мисли ту афсонаҳои бешумор.
Ӯ ба ман мегуфт: «Дар самти ҷануб
Кишваре бисёр зебоясту хуб.
Сурати он мамлакат дигар бувад,
Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад.
Пасттар ҳар сол гардад офтоб,
Як қади найза ба рӯи хоку об».
Ман кунун аз мулки хуррам омадам,
Чун вакили халқи аъзам омадам,
Омадам, дидам туро бо чашми худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё