Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданОФТОБИ САРАМ
Офтоб, офтоб,
Як гапат мезанам:
Офтоб ё туй?
Офтоб ё манам?!
Гӯяд аз ҷон маро
Ҳар замон модарам:
– Ту ягона, писар,
Офтоби сарам!
КАДУ
Тухми каду шинондем,
Қад-қади чӯ шинондем.
Ба чӯи мо об омад,
Обаки Варзоб омад.
Кадуи мо калон шуд,
Фонуси боғамон шуд.
ҲУЛБӮ
– Чаро ҳулбӯ хушбӯяст,
Озодаву дилҷӯяст?
– Чунки ҳулбӯ лаби чӯ
Доим шӯяд дасту рӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё