Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

СУРУДАКЕ
ДАР БОРАИ ҲАРФИ О

Якто ҳарфи О обӣ,
Садҳо ҳарфи О ёбӣ.

О, монанди нон аст О!
Ҷо дар байни ҷон аст О!

Лаб чун ғунча во гардад,
Лаб не, балки О гардад!

Чашму гӯшу нохунҳо –
О-ю О-ю О-ю О!

О чун моҳи тобон аст,
О хуршеди хандон аст!

Ин дунёи мо зебост,
Ҳамчун О-и мо зебост!

САРГУЗАШТИ ЯК ҲАРФИ О-И
ТАНҲОИ ТАНҲО

Мезист якто Ояке,
Як Ояки танҳояке.

Азбаски танҳо буд О,
Танҳо ҳамин О буд О.

Боре ба боғе омад О,
Аз байни роғе омад О.

пешина
аз 184
навбатӣ