Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Моро кӣ механонад?
Аз ғам кӣ мераҳонад?
Намемонад шавем пир
Бошем як лаҳза дилгир.
Кӣ бо рақсу бо ҷавлон
Мекунад моро ҷавон?
Ҷону ҷаҳони момо,
Маҳинабонуи мо.

БАЗМИ НАВРӮЗӢ

Нағмакунон меравад
Обаки ҷӯбор,
Селаи гунҷишкакон
Дар шохи чинор.
Боз саҳар шукуфон
Чеҳраи хуршед,
Муғҷаи худ во намуд
Навдаи гулбед.
Бар сари шаҳтути пир
Саъва дар наво,
Печида савти худаш
Дар авҷи ҳаво.
Тоза суруде бикард
Фохта оғоз,
Кафтари даштӣ ба он
Гашт ҳамовоз.
Ҷуфти парасту расид
Хонда тарона,
Рафт суруди баҳор
Хона ба хона.

пешина
аз 184
навбатӣ