Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

БОҒИ ШАМОЛ

Ба деҳи Боғи Шамол
Шамол омад аз шимол.
Омад баҳри сайру гашт
Аз сӯи ёлаву дашт.
Шамол омад саҳарӣ
Дар по кавши пар-парӣ.
Шамолак ҳар сӯ давид
Ногаҳ себистоне дид.
Давид он бар-бари боғ,
Даромад аз дари боғ,
Бӯса зад аз рӯи себ,
Шуд мастаки бӯи себ.
Шоҳаҳоро ҳай ҷунбонд,
Дар шоҳаҳо себ намонд.
Себаки сурхи рахшон
Ҳар сӯ бишуд парешон.
Рӯи замин яксара
Пур шуд аз себи сара.
Рӯзи дигар ҷӯраҷон
Дар дукон шуд себ арзон.

пешина
аз 184
навбатӣ