Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

УСТО ХУРШЕД

Гаҳвораи Зарнигор
Дорад сад нақшу нигор,
Нақши боғи пур аз гул,
Нақши лолаву сунбул.
Ҳатто дорад гаҳвора
Нақши маҳу ситора.
Онро сохт усто Хуршед
Аз чӯби дарахти бед.
Дар хонадони Шумо
Тифле ояд ба дунё,
Аз барои гаҳвора,
То нашавед овора
Тағоҷон, оед давон
Ба деҳи Боғи Майдон.
Номи ин устои зӯр
Дар деҳаи мо машҳур.
Усто Хуршед-дуредгар
Даҳ ангушташ — даҳ ҳунар,
Ӯ гаҳвора месозад,
Деҳа аз ӯ менозад.

пешина
аз 184
навбатӣ