Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

ДАР РОҲ

Аз роҳи Сӯзангарон
Танҳо будам ман равон.
Ногаҳ омада ба шаст
Ба сарам зад бо ду даст.
Сипас бизад ба рӯям
Ба чашму ба абрӯям,
Бизад ба поҳои ман,
Ба кафши зебои ман.
Аммо ман наранҷидам
Ба зери лаб хандидам.
Зеро ки баҳорон буд
Он чӣ мезад, борон буд.

ТАРОНАИ МАШҲУР

Заррофа афсона гуфт,
Заррофача даррав хуфт.
Очахаргӯш алла хонд,
Бачаякашро хобонд.
Сагча баъди давутоз
Рафт ба хобаки ноз.
Танҳо дар ин шаби тор
Қурбоқаест бедор,
Шикамчааш ҳай таранг
Саҳначааш рӯйи санг,

пешина
аз 184
навбатӣ