Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданДАСТЁР
Дегу табақро шустам,
Як табақро шикастам.
Ба гулҳомон додам об,
Гулдон афтид аз дастам.
Алаф додам ба мошон,
Палав додам ба мурғон.
Хеле ёрӣ расондам,
Чӣ қорат монд, очаҷон?
МУСИЧА
Мусичаҷон, ку-ку-ку,
Бозӣ кунем ману ту.
Ту шав мушу ман — мошон,
Пинҳон шав пушти яхдон.
Худам туро меқобам,
Меқобаму меёбам.
Мусичаҷон, ку-ку-ку,
Аз ман матарс асло ту.
Аз парат намеканам,
Ман туро намезанам,
Чун «мошон» наям ганда,
Ман дӯсти паранда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё