Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЧун давои дардамро
Аз духтурам шунидам,
«Сафсата!» — гуфта, бо завқ
Бар гапи ӯ хандидам.
Хандидам дар назди ӯ,
Дар кӯчаҳо хандидам,
Назди очам хандидам,
Бо бачаҳо хандидам.
Аз хандаи бисёре
Дардам пароканда шуд,
Тамоми ҷисму ҷонам
Саломат аз ханда шуд.
Хоҳед агар, ки бошед
Монанди ман саломат,
Аз ханда рӯ натобед
Дар меҳнату фароғат!
ДАРАХТИ ЧОРМАҒЗ
Дарахте ки бо он
Мефаҳрад даštu кӯҳсор,
Дарахти чормағз аст он,
Напиндораш чинор!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё