Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа
КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданНАРАНҶЕД, ИН ҲАҚИҚАТ!
Калхоте ба дугонаш
Ҳасрат карда, ҳамегуфт:
– Наметавонам аз ту
Дарди диламро нухуфт.
Уқобона шакли мо,
Рафтори мо,
Чанги мо, парвози мо,
Минқори мо...
Пас чаро моро уқоб
Намемонанд?
Тарона дар васфи мо
Намехонанд?
Ҷавоби ин саволро
Дугонааш надонист.
Ҳозир гашта ғунҷишке,
Бигуфто:
– Шубҳае нест,
Ки шаклу рафторатон
Уқобона,
Чангатон, минқоратон
Уқобона!
Танҳо дилатон
Уқобона нест!
Наранҷед, ин ҳақиқат,
Афсона нест!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё