Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

АҲМАДҶОН ҲАМДӢ

Аҳмадҷон Махдуми Ҳамдӣ соли 1875 дар Бухоро дар хонадони қозӣ ба дунё омадааст. Ӯ яке аз фаъолони таъсиси мактаби усули нав буд ва китобҳои дарсӣ таълиф мекард.

Соли 1934 маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Дубайтиҳои пролетарӣ» ба табъ расид. Достонҳояш «Салимҷон Ҷалилов» (1935) ва «Каримбой дар хонаи Худо» (1937) чоп шудааст. Шеърҳои ӯ, ҳамчун «Сангину Парвин», «Лола ба хола» ва «Ба ғунчаҳои наврас», ки барои бачаҳо эҷод кардааст, хеле маълуму машҳур буданд.

Соли 1953 шеърҳояш таҳти назари Мирзо Турсунзода интишор ёфт.

Аз соли 1935 узви Иттифоқи нависандагон буд. Соли 1946 дар шаҳри Душанбе фавтидааст.
Сангинҷони ҷонона,
Ҷилд овехта дар шона,
Ба мактаби худ мерафт,
Чакқон шуда шодона.

Парвинҷони ҷонона,
Зулфаш ба сари шона.
Дидам, аз роҳи мактаб,
Омад ба сӯи хона.

Сангинҷони фирӯза,
Пӯшида ба по мӯза.
Машқи аскарӣ дорад,
Дар мактабаш ҳаррӯза.

Парвинҷони найшакар,
Аз шакар ширин духтар,
Вай навишта мехонад,
Аз китобу аз дафтар...
Баҳор шуд, баҳор шуд,
Баҳори лолазор шуд.

Духтари лолачин манам,
Барзада остин манам.

Ман гули лола мечинам,
Лола ба хола мечинам.

Пешаки хола меравам,
Бо гули лола меравам.

Ханда кунад лолаи ман,
Шодӣ кунад холай ман.

пешина
аз 184
навбатӣ