Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

АдабиётКӯдакон
Аз аввал хондан

МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст.

Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонидааст.

Аз соли 1946 то рӯзи фавташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ будааст. Соли 1951 академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шудааст.

Маҷмӯаҳои ашъори ӯ «Пайғом» (1949), «Ман аз Шарқи озод» (1950), «Мавҷи табриқҳо» (1951), «Қиссаи Ҳиндустон» (1954), «Асарҳои мунтахаб» (1955), «Чароғи абадӣ» (1958) ва ғайра аз чоп баромадаанд.

Муаллиф соли 1960, барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» сазовори Ҷоизаи Ленинӣ гардидааст.

Соли 1963 устод Турсунзода барои достони лирикии «Ҷони ширин» сазовори мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон гардидааст.

пешина
аз 184
навбатӣ